Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home эълон

ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ: КИҲО ШОМИЛИ ОН МЕШАВАНД?

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.07.2021
in эълон
0
Элон
0
SHARES
188
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Литсейи ҳарбии Вазорати     мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал-майор Мастибек Тошмуҳаммадов шурӯъ аз соли 1999 дар  заминаи мактаб-интернати махсуси ҷумхуриявӣ таъсис ёфта, дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи низомии кишвар мавқеи хосса дорад. Имрӯзҳо дар Литсейи ҳарбӣ чун дигар мактабҳои миёнаи касбӣ ва олии кишвар қабули довталабон идома дорад. Онҳое, ки ба ин мактаби ҳарбӣ шомил шуданиянд, ҳуҷҷатҳои дохилшавиро тавассути комиссариати ҳарбии маҳалли зисташон пешниҳод менамоянд.

Дар ин бора сардори Литсейи ҳарбӣ полковник  И. Юсуфзода  баён дошт,ки ҳуҷҷатсупории довталабон идома дорад:«Литсейи ҳарбӣ-муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дорои барномаҳои таълимии иловагие мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳадафи тарбияи ҳаматарафа  ва ба хизмати ҳарбӣ омода намудани шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мардро дорад».

Ҷавонписарони синни 15-16-сола пас аз хатми синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд, ба Литсейи ҳарбӣ шомил шаванд.

Ҳамзамон, пас  аз ташхису муоинаи тиббӣ ва солим баромадан, довталабон аз 5 фан; матиматика, забони русӣ ба таври хаттӣ, физика тариқи  шифоҳӣ,забону адабиёти тоҷик бо тарзи суҳбат ва аз тарбияи ҷисмонӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда имтиҳон супорида, шомили Литсейи ҳарбӣ мегарданд.

Қобили қайд аст, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати кишвар, ҳамзамон ғамхории пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон имтиёзҳо муқаррар гардидааст. Ин аст, ки ҳамасола беш аз бист фисади дохилшавандагони Литсейи ҳарбиро ятимони кул ва бепарасторону камбизоатон  ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки  айни ҳол ҳукумати мамлакат ятимону бепарасторонро ҳамчун ҷавонони ояндасози миллат дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба омӯзиши илму дониш фаро гирифта, мутахассисони касбиро барои бахшҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ омода менамояд.

Ин қишри ҷомеа  дар  муассисаҳои олии касбӣ соҳиби ихтиссоси зарурӣ гардида, бо донишҳои замонавӣ  ва навовариҳои илмию техникии низомӣ фаъолияти касбии худро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз менамоянд, ки имрӯзҳо хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбӣ аз ҳисоби ятимону бепарасторон дар қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва дигар навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба иҷрои вазифаҳои масъулиятноки низомӣ машғул мебошанд, ки боиси сарфарозист.

Мебояд гуфт,  таҳсил дар Литсейи ҳарбӣ ду солро дар бар гирифта,  дар ин муддат муҳассилин асосан донишҳои ибтидоии ҳарбиро аз худ менамоянд. Ҳамзамон, дар асоси низомномаи муайяннамудаи Литсейи ҳарбӣ курсантон ғайр аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  омӯзишгоҳҳову  донишгоҳҳои олии ҳарбии кишварҳои дӯсту ҳамҷавор низ равон карда мешаванд. Аз ҷумла,ба Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷон ва Ҷумҳурии мардумии Чин.

Гузашта аз ин, дар ин муассисаи таълимии харбӣ, шароити зарурӣ вобаста ба раванди таълим фароҳам оварда шуда, биноҳои таълимии муҷаҳҳаз бо техникаву техналогияи замонавӣ ва дигар лавозимоти зарурии дарсӣ мавриди баҳрабардории таҳсилгирандагон қарор дорад. Ҳамасола беш аз 150 нафар довталаб ба Литсейи ҳарбӣ шомил гардида,таҳсилро идома медиҳанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар ин муассисаи ҳарбии таълимӣ муҳассилин аз рӯйи 16 фан ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Шакли таҳсил  дар Литсейи ҳарбӣ рӯзона ба роҳ монда шуда, хароҷоти таҳсили донишомӯзон ба таври ройгон, аз ҳисоби давлат пешбинӣ гардидааст.

  Азимҷон  БАДАЛОВ

рӯзноманигор

Previous Post

ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БА ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ: ОН АЗ РӮЙИ КАДОМ МЕЪЁР СУРАТ МЕГИРАД?

Next Post

ТОҶИКИСТОН ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТОҶИКИСТОН ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

ТОҶИКИСТОН ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj