Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ-ЗИНАИ НАХУСТИНИ КАДРҲОИ НИЗОМӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.04.2024
in Хабар
0
ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ-ЗИНАИ НАХУСТИНИ КАДРҲОИ НИЗОМӢ
0
SHARES
227
VIEWS
Share on Facebook

Агарчӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа довталабон пас аз хатми пурраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда шаванд, Литсейи ҳарбии ин ниҳоди қудратии кишвар бошад, тарбиятгирандагони худро баъд аз анҷоми синфи 9-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбия фаро мегирад.

Чорабиниҳо вобаста ба қабули довталабони солҳои таҳсили 2024-2025 дар ин муассисаи таҳсилоти миёнаи низомӣ аллакай оғоз гардида, имрӯзҳо бо маром ҷараён дорад. Довталабоне, ки хоҳиши шомил гардидан ба Литсейи ҳарбиро доранд, метавонанд омодагии аввалини худро дар комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш гирифта, дархости таҳсил ва ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод намоянд.

Довталабон барои дохилшавӣ ба Литсейи ҳарбӣ, пеш аз ҳама аз омӯзиш ва комиссияи аввалини тиббӣ дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар гузашта, дар раванди қабул пас аз гузаштан аз комиссияи ниҳоии ҳарбӣ-тиббӣ ва супоридани имтиҳонҳо сазовори номи тарбиятгирандаи Литсейи ҳарбӣ мегарданд.

Тибқи иттилои масъулини Литсейи ҳарбӣ имтиҳонҳои қабул аз панҷ фанни таълимӣ сурат гирифта, пас аз бомуваффақият супоридани он ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ довталабон имкон доранд ба литсейи мазкур шомил гарданд ва аз сифр нахустзинаҳои касби афсариро, ки шарафу ифтихори ҳар як ҷавонмард аст, аз худ намоянд.

Ин нукта маврид ба зикр аст, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ва ғамхории ҳамешагии Пезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба оилаҳои камбизоату ниёзманди ҷомеа дар Литсейи ҳарбӣ барои қабули довталабони ятиму бепарастор имтиёзҳо муайян гардидааст.

Қобили қайд аст, ки таҳсил дар Литсейи мазкур ду сол давом намуда, дар ин муддат хонандагон асосан донишҳои ибтидоии ҳарбиро аз худ менамоянд. Дар асоси низомномаи муайяннамудаи Литсейи ҳарбӣ курсантони лаёқатманд  ҷиҳати идомаи таҳсил ба  омӯзишгоҳҳо ва Донишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои ба мо ҳампаймон фиристода шуда, қисми дигар бошанд ба Донишкадаи  ҳарбии  Вазорати мудофиа дохил мегарданд.

Дар заминаи дастгириву таваҷҷӯҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ҷиҳати рушду такомули ҳамаҷонибаи таълимгирандагон тамоми шароиту имкониятҳои таҳсил, таълиму тарбия, истироҳату фароғат, варзиш ва амсоли ин фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бинову синфхонаҳои таълимӣ, майдончаи қадамзаниву сафороӣ, толорҳои маҷлисӣ, китобхона бо теъдоди зиёди китобҳо, хобгоҳ бо хонаҳои фароғативу хизмати майишӣ, ошхонаи кушоду барҳаво ва дигар нуқтаҳои хизматӣ дар Литсейи мазкур бо шароити мусоид ва имкониятҳои ҳозиразамони хизмат ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудаанд.

Ба рӯҳияи болида, сифати баланди таълиму тарбия ва сатҳи хуби омодагии ҷисмонии тарбиятгирандагон низ дар ин муассисаи низомӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Ин аст, ки ҷиҳати татбиқи амалии барномаҳои давлатии қабулгардида дар соҳаи варзиш ва бо мақсади обу тоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ давоми солҳои охир дар Литсейи ҳарбӣ як қатор иншооти гуногуни соҳавӣ, аз ҷумла толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст ва он ба таври васеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

Бояд хотиррасон кард, ки Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 дар базаи мактаб-интернати махсуси  ҷумҳуриявӣ, ки он 29-уми сентиябри соли 1985 таъсис ёфта буд, ташкил гардидааст. Литсейи мазкурро метавон пойдевори Артиши миллӣ дар самти омодакунии мутахасисони низомии мамлакат номид. Ин аст, ки имрӯзҳо садҳо нафар  курсантони  хатмнамудаи  Литсейи  ҳарбӣ  баъди  таҳсил ва хатми мактабҳои олии ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои  низомии Қувваҳои  Мусаллаҳи  мамлакат ва дигар сохторҳои қудратӣ адои  вазифа  менамоянд.  

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

 

Previous Post

АНҶУМАНИ ХИРАД ВА РАҲНАМОӢ

Next Post

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ НАФЪ БА РУШДИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ НАФЪ БА РУШДИ ҶОМЕА

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ НАФЪ БА РУШДИ ҶОМЕА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook