Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

КОРРУПСИЯ-ЗАРБА БА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.02.2022
in Хабар
0
КОРРУПСИЯ-ЗАРБА БА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
193
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Барои пешгирӣ намудан аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия, соли 2003 аз ҷониби СММ Конвенсияи зидди коррупсия қабул гардида, ҳамзамон бо ташаббуси Маҷмааи кулли созмони зикргардида, 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон гардид.

Конвенсияи мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда дар ин самт мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида мешавад. Бо дар назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур, соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расонида,  чораҳои мубориза бо коррупсияро пурзӯр намуд.

Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шарҳу тавзеҳ ёфтааст: “Коррупсия-кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

Ҳамзамон, дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999, «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10-уми декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.

Замони 30 соли соҳибистиқлолии кишвар дар сиёсати зиддикоррупсионии Роҳбарияти олии мамлакат, як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ, «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ҳамчунин тибқи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» тасдиқ карда шуд.

Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Сабаб ва омилҳои асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи моро коршиносони масоили иқтисодӣ, аз як тараф, дар паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар, омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он медонанд. Ба назари коршиносони соҳа, коррупсия-яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Ҳамзамон коррупсия-боварии шаҳрвандонро ба давлат ва  ояндаи нек коста месозад. Ғайр аз ин, коррупсия-табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.

Азимҷон БАДАЛОВ

 

Previous Post

ПАДИДАИ НОМАТЛУБЕ, КИ ҶАҲОНРО НИГАРОН КАРДААСТ

Next Post

АДОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
АДОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ  ДАР ҲАЙАТИ  ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

АДОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ ДАЪВАТИ САФАРБАРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj