Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

КОРРУПСИЯ- ХАТАРИ ФОҶИАОВАР БА ШАЪНИ ДАВЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.11.2023
in Хабар
0
КОРРУПСИЯ- ХАТАРИ ФОҶИАОВАР БА ШАЪНИ ДАВЛАТ
0
SHARES
223
VIEWS
Share on Facebook

Ҳамасола Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар атрофи маризии иҷтимоӣ, амиқан коррупсия ва решакан намудани ин зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа баромад карда, ҳамчунин боре ёдрас шуданд, ки “Чунин як падидаи манфӣ ба монанди коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем.”

Воқеан чӣ тавре ки таҷриба нишон медиҳад, коррупсия метавонад, ки ба рушду пешравии иҷтимоиву иқтисодии давлат таъсири фоҷеабори худро бо тамоми зуҳуроташ расонад.

Коррупсия ва падидаҳое, ки бо он моҳияти фасод дошта, алоқамандии зич доранд, на танҳо ба давлат, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мушаввашии ҷиддиро ба бор меоранд. Чунки ин навъ падида бисёр хатаровар маҳсуб ёфта, барои нигоҳдории давлату давлатдорӣ  монеаҳои зиёд эҷод менамояд.

Бояд қайд намоем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба ин зуҳуроти хатарафзо, яъне коррупсия ва арзи ҳастии он, инчунин заминаҳои ин амалро ба вуҷуд оваранда, аҳамияти махсус дода шуда, як зумра қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои миллии профилактикӣ ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёди муштарак байни мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар ҷомеа иҷро шудаанд.

Хуб дар хотир дорем, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ ва рӯ ба рӯ шудан бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шохаҳои ҳокимияти давлатӣ зуд фалаҷ гардида, барои пайдо ва густаришёбии коррупсияву фасод мусоидат намуданд. Дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ин падида ҷойгоҳ пайдо намуда, намояндагони бархе аз қишрҳои ҷомеа шаклҳои мухталифи истифодабарии мақоми хизматиро дар ин ё он ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ барои амалисозии манфиатҳои фардӣ болотар аз манфиатҳои давлатӣ сайъ карданд ва дар ин масоил мисолҳо зиёд мавҷуд ҳастанд.

Қобили қайд аст, ки моҳияти аслии коррупсия ва мавҷудияти он дар ҷомеа сараввал ба рушди босуръату бомароми иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мегузорад, дуввум ин ки эътимоди халқро нисбат ба давлату ҳукумат коста мегардонад, саввум он ки таъсири истифодаи ҳадафмандонаи кумаку ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ниҳодҳову ташкилотҳои байналмилалӣ вайрон менамояд, ҳамчунин аз ҳама муҳимтарин ин ба обруву эътибори ҳокимияти давлатӣ иснод меорад.

Мо бараъло мушоҳида менамоем, ки муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он пайваста бо рушди тамаддуни инсонӣ дар шаклҳои нав зоҳир мегардад.

Бо мақсади бартарафу решакан намудани ин зуҳуроти фарогир бо фасод мебояд, ки ташвиқу тарғиби таҷрибаи байналмилалии мубориза бо корупсияро дар маҳв кардани нуқсонҳои бесаводӣ ва ҳарчӣ беҳтар намудани сатҳи фарҳангиву ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ба роҳ монда шавад.

Имрӯз баҳри солим нигоҳ доштани мафкураву ақоиди ҷомеа аз ин падида, аниқтараш дар фаъолияти раёсат ва қисмҳои ҳарбии зертобеи Қўшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ такя ба талаботи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои марҳалаи якум(солҳои 2021-2025) як силсила чорабиниҳои профилактикӣ, яз қабили семинару ҳамоишҳо бо ҷалби намояндагону мутахассисони соҳавӣ ташкил ва доир мегарданд. Ғайр аз ин, аз ҷониби масъулини мақомоти корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ бо афсарону сарбозони ниҳоди зудамал корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар як вақт ҷаҳонбинии зиддифасодии онҳо ғанӣ гардонида мешавад.

Набояд фаромуш созем, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ як силсила корҳо ва чорабиниҳо баҳри муқовимат бо коррупсия анҷом дода мешавад, ки ин мушкилоти иҷтимоӣ метавонад, ки вазъи ҳаёти осоиштаи ҷамъиятиро ноустувор намояд.

Яке аз чораҳои таъсирасон ба хотири муборизаи шадид бо коррупсия ин чораҳои ҳатмии ҷиноятӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб дониста мешаванд. Аниқтараш нисбат ба ашхоси даст ба амалҳои коррупсионӣ дошта, чораҳои дақиқу ҳатмии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ҷазоҳои сахти қонунӣ амалӣ гарданд. Илова бар ин, ин гуна афрод ҳаргиз дар ҷомеа сар бардошта натавониста, то охири ҳаёти худ ба нафрати халқ гирифтор бошад.

Барои муборизаи беамон бо ин навъ зуҳуроти хавфнок ба ҷомеа ҳамчунин васоити ахбори омма нақши калидӣ дошта, дар тарбияи шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба арҷу эҳтироми қонунҳои амалкунанда саҳми калон ва саривактӣ гузошта метавонад. Инчунин, метавонад, ки дар аҳолӣ ҷаҳонбинии зиддифасодӣ ва тарбияи ҳуқуқиро ҳамаҷониба ташаккул диҳад. Зеро ин падидаи зиддиахлоқӣ барои рушди устувори кишвар монеаҳои зиёд эҷод карда, боиси нигаронии шаҳрвандони кишвар мегардад, бо мавҷудияти худ дар миёни ҷомеа ҳисси нобовариро ба ниҳодҳои давлатӣ бедор мекунад. Албатта ҳамаи ин ба поймолшавии ҳуқуқи инсон оварда мерасонад ва барои заифшавии пояҳои ахлоқии ҷомеа замина мегузорад.

Мо аминем, ки агар аҳли ҷомеа ба ин падидаи номатлуб ва нафратбор ба монанди фасоду коррупсия мунтазам нигоҳи солимонаро пеша намуда, муҳити бесабриро нисбат ба он созмон диҳад, қишрҳои ҷомеаи мо ҳаргиз бо коррупсия ва аломатҳои он олуда намешаванд. Маҳз муносибати солимонаи ҷомеа ё ба қавли дигар манфур будан аз он метавонад, ки ин зуҳуроти манфиро аз кору пайкори ниҳодҳову ҳаёти ҷамъиятӣ решакан намояд.

 

Парвиз БОЙЗОДА,

муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал

 оид ба корҳои сиёсӣ—тарбиявӣ,

полковник

Previous Post

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР

Next Post

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ XXIII ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БЕҲТАР КАРДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ XXIII ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БЕҲТАР КАРДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ XXIII ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БЕҲТАР КАРДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook