Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОРРУПСИЯ–ПАДИДАИ МАНФӢ ВА МОНЕИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.10.2024
in Мақола
0
КОРРУПСИЯ- ХАТАРИ ФОҶИАОВАР БА ШАЪНИ ДАВЛАТ
0
SHARES
81
VIEWS
Share on Facebook

“Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоварад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон–нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд меорад.

Башарият, аз ҷумла ниёгони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш дар мавриди ришвахорӣ, ки аз ормонҳои касифи инсонист, мазаммат намудаанд. Аз ин бармеояд, ки ришвахӯрӣ ва ришваситонӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа таърихи қадима дошта, то ба имрӯз ба ҳеҷ давлати ҷаҳон муяссар нагардидааст, ки ин вабои чандинасраро пурра решакан намояд.

Коррупсия яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини муқобили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, обрӯву нуфузи давлатро дар сатҳи байнанлмилалӣ коҳиш медиҳад ва ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Яке аз хусусиятҳои ба ҷамъият хавфноки коррупсия дар он аст, ки нисбат ба содиршавиаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камтар ба қайд гирифта мешавад ва бештар мавридҳо ошкорнашуда боқӣ мемонад, зеро ҳам порадиҳанда ва ҳам порагиранда кӯшиш мекунанд, ки ин кирдор пинҳонӣ содир шавад.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир ба рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии ҷомеа монеа эҷод намуда, боиси заиф шудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохти конститутсионӣ мегардад ва  боварии шаҳрвандонро ба давлат коста гардонида, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.

Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба масъалаи коррупсия меафзояд. Ҳоло коршиносон ва сиёсатмадорон ба ин натиҷа расидаанд, ки коррупсия ба гунае падидаи фарогир шудааст, ки на танҳо дар кишварҳои фақир ва дар ҳоли рушд, балки дар кишварҳои пешрафта низ ба мушоҳида мерасад.

Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид, ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати кишвари мо бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф гардидааст.

Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият барои пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия якчанд санаду меъёрҳои саривақтии дахлдори соҳавӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор дода шуданд. “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” таҳти №34 аз 26.01.2008, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” таҳти №1504 аз 30.08.2013 ва“Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳти №222 аз 03.08.2021 аз ҷумлаи ҳамон санадҳо мебошанд.

Таҷриба нишон додааст, ки коррупсияро танҳо дар сурате назорат кардан мумкин аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иҷрои банди санаду меъёрҳо ва барномаҳои пешгирикунанда якҷоя кор кунанд. Мо медонем, ки коррупсияро якбора решакан кардан ғайриимкон аст. Баръакс, мубориза бо коррупсия раванди марҳилавӣ ва тадриҷист.

Барои расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва ба даст овардани эътимоди мардум ва афзоиши сармояи иҷтимоӣ роҳи дигаре ба ҷуз мубориза бо фасод вуҷуд надорад.

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва сатҳи болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

 

М. РАҲМОНОВ, Ғ. ТУПАЛОВ,

устодони ДМТ

Previous Post

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Next Post

ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ АРЗИШҲОИ МЕҲВАРИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ АРЗИШҲОИ МЕҲВАРИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИНСОН, ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ Ӯ АРЗИШҲОИ МЕҲВАРИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook