Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОРРУПСИЯ-МОНЕАИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
26.11.2024
in Мақола
0
КОРРУПСИЯ-МОНЕАИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА
0
SHARES
93
VIEWS
Share on Facebook

Дар замони имрӯза дар қатори дигар амалҳои номатлуб, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигар ба монанди  фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи ниҳоят калон, яъне  нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд меорад.

Мавриди зикр аст, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Ин амал  ба унвони як зуҳуроти  номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҷараёнҳои ришвахӯрӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия таҳия шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, зери ин ҳуҷҷат имзо гузоштааст ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар онро тасдиқ кардааст.

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин, новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбат ба коррупсия, аксарияти одамон бар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти номатлуб пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад.

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти  хавфноки ҷомеа дар миқёси ҷаҳонӣ яке  аз унсурҳои  таҳдидкунанда  ба амнияти  миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия, расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таъсири манфӣ мегузорад. Бо назардошти ҳамин, ҳанӯз аз рӯзҳои  аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо он диққати махсус додаанд.

Дар ин раванд мунтазам қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд. Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия ва дигар санадҳои меъёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Дар онҳо тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯистифода аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ шуда истодаанд.

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти  хавфноки ҷомеа дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин  ва  яке  аз унсурҳои  таҳдидкунанда  ба амнияти  миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ дар ҳама муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ғайридавлати нисбати ин падидаи номатлуб чораҳои амалӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии Донишкадаи  давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва ҷомеа, ба муборизаи зиддикорррупсионӣ ҷалб намудани тамоми устодону донишҷуён ва кормандони донишкада таҳия шудааст. Барнома барои амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар Донишкада ва зерсохторҳои он мусоидат менамояд. Алалхусус дар ҷаласаю вохӯриҳо ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва дар соатҳои тарбиявии гурӯҳҳои академӣ ба донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба зарари коррупсия ба ҷомеа гузаронида шуда, доир ба ин амали номатлуб мунтазам намоиши корҳои эҷодии устодону донишҷӯён  ташкил карда мешавад.

Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуд ва 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кули Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Коррупсия, ришвахӯрӣ рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахориро, ки яке аз омоли касифи инсонист, зери танқид гирифтаанд. Пас, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахуриву ришваситонӣ асрҳо боз мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор дошт. Дар замони имрӯза  низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст. Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардидааст ва ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд муттаҳид гардидаанд.

Хулоса, мо омӯзгорон, мақомотҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии мамлакатро зарураст, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат бандем. Ҷавононро дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва даст назадан ба амалҳои номатлуби замони муосир раҳнамои намуда, бо ин васила рушд ва инкишофи бемайлони Тоҷикистони азизро таъмин намоем.

 

С. УСМОНОВ, Ф. ҲАИТОВ

                                                     устодони Донишкадаи давлатии

санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Next Post

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook