Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.10.2024
in Мақола
0
КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА
0
SHARES
98
VIEWS
Share on Facebook

Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд мекунанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зананда, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Дар робита ба ин, дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатие) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад. Бояд қайд намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.

Бо назардошти хавфнокии баланди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Муқовимат ба коррупсия–фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.

Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгуй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ-Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Ҳамзамон, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқаррароти дахлдор пешбинӣ гардидааст. Чунончӣ, бо татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар гаштани самти амалигардонии адолати судӣ тадбирҳои мушаххас андашида шуда, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба беҳтардонидани фаъолияти низоми адолати судӣ, таҳия ва қабули санади ҳуқуқии дахлдор оид ба пурра намудани ҳайати баъзе судҳо ва ба танзим даровардани сарбории судяҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар буҷети давлатӣ ва баробар кардани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба вазъи иҷтимоии кормандони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ махсус кайд гардидааст, ки чораҳои мазкур бешубҳа барои таъмини мустақилияти судяҳо мусоидат хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки тадбирҳое, ки аз ҷониби Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъият ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ равона гардидааст, ҳамаи моро водор месозад, ки дар ҳалли ин масъалаи басо муҳим бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузорем.

Қубод ЮСУФЗОДА,

устоди ДМТ

Previous Post

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook