Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.04.2025
in Мақола
0
КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
0
SHARES
51
VIEWS
Share on Facebook

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад.

Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир мубориза бо коррупсия мебошад. Вобаста ба ин масъала, солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шудааст, ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятӣ таъминкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Инчунин, дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сўйистифода аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия-кирдори (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқист”.

СММ дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардида, ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосирро гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд, муттаҳид гардонидааст. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ — 9 декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯйи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархурди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд. Албатта, андешидани чунин чораҳо боиси косташавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мегардад ва сатҳи зиндагии шоистаи мардумро баланд намуда, дар рушди мақсадноки иқтисоди миллии кишвар замина хоҳад гузошт. Мо, аҳолии кишварро зарур аст, ки бо азму иродаи ватандӯстона бар зидди ҳама гуна падидаҳои манфии ҷамъиятӣ мубориза намуда, бо ин васила дар рушду нумуъ ва ободиву сарсабзии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

 

Сабрина ТУРСУНБОЕВА,

 магистранти Академияи идоракунии давлатии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Previous Post

СИЁСАТИ СУЛҲҶӮЁНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ СТРАТЕГИИ ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОН, УЗБЕКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Next Post

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ-РОҲИ ОЯНДАИ УСТУВОР БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ-РОҲИ ОЯНДАИ УСТУВОР БАРОИ ТОҶИКИСТОН

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ-РОҲИ ОЯНДАИ УСТУВОР БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook