Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
12.06.2024
in Мақола
0
КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ
0
SHARES
125
VIEWS
Share on Facebook

Мақсади ҳар як ҷомеа ва ҳар як давлат, инчунин, роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале, барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Маврид ба зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо рӯ ба рӯ гаштааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31-уми октябри соли 2003 қабул шуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.

Муҳиммияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25-уми сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16-уми апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
Қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сардори давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад.

Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба парлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.

Бояд дар хотир дошт, ки коррупсия, воқеан, яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба ҳисоб меравад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа барпо намуда, намегузорад, ки маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Коррупсия метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он эҷод намуда, барои сар задани ҷиноятҳои гуногун замина гузорад.
Мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске дар ин бобат чунин қайд намудааст, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».

Бо ин ҳама коррупсия зуҳуроти иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад.

Ҳамин аст, ки имрӯз муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯйистифода аз мансаб, судхӯрӣ, хушомад задан ва ғайра таъбир мекунанд.

Махсус таъкид мегардад, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.

Иброҳим ИСҲОҚ,  

подполковники милитсия.

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ РУШД

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ КОНФРОНСИ СЕЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ КОНФРОНСИ СЕЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028”

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ КОНФРОНСИ СЕЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook