Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
26.09.2024
in Мақола
0
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
0
SHARES
123
VIEWS
Share on Facebook

Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.

Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ қайд намуданд, ки бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем. Албатта, муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Гарчанде мақомотҳои ваколатдор назорати давлатии молиявиро барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, фошнамоӣ, ва дигар роҳҳое, ки қонунгузории зиддикорупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд, то ҳол коррупсия як зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ боқӣ мондааст.

Алҳол коррупсия бо маънои гуногун дар ҷомеа фаҳмида мешавад, аз ҷумла бо маънои ришва додан, сӯийистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва хешутаборчигӣ мебошад.

Худи маънои коррупсия аз ду калимаи лотини “correi” – якчанд иштирокчӣ аз як гуруҳ ва “rumpere” – шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан мебошад. Баъдан коррупсия бо маънии бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани воколатҳои хизматии шахсони мансабдор пайдо гардидааст.

Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” мафҳумҳои коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахс барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешаванд, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъриф дода шудааст.

Мафҳуми коррупсияро Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид бо маънои коррупсия – суиистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ пешниҳод шудаааст.

Лозим ба ёдоврист, ки яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди коррупсия ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади самаранок гардонидани фаъолият дар ин самт вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор, ки субъектҳои муқовимат бо коррупсия мебошанд, дар самти муқовимат бо коррупсия фаъол буда, барои баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи байналмилалии кишвари ҷавонамон роҳбарони субъектони муқовимат бо коррупсия масъул мебошанд.

Дар ҳолате, ки кишвар ба ришваситонӣ ё коррупсия сахт муқобилият нишон дода натавонад, метавонад дар мамлакат буҳрони иқтисодӣ ё сиёсӣ паҳн гардад.

Алҳол новобаста аз он ки дар кишвар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр мегардад ва аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи давлатӣ садҳо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкору дастгир мешаванд, вале мутаассифона то ҳанӯз ришвахӯрӣ дар ҷомеа аз байн нарафта, баръакси ҳол гардидааст.

Мутаассифона, нафароне дар ҷомеа ҳастанд, ки дидаю дониста ба ҳолатҳои коррупсионӣ даст мезананд. Агар аз нигоҳи ахлоқӣ ба ин падида назар андозем, баъзе ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни қисми аҳолӣ ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ қабул шудаанд. Чунончӣ, додани пора барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, дохил шудан ба макотиби олӣ, аз ҳар гуна ҷавобгарӣ озод намудан, ба ҷойи кор таъмин намудан ва дигар амалҳо гӯё як кори муқаррарӣ бошад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомотӣ давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бо коррупсия, корҳои таблиғотию ташвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд, ба роҳ монда шаванд.

Зуҳуршо ИКРОНШОЕВ,

корманди АМИТ

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ 79-УМИ УМУМИИ МАҶМААИ УМУМИИ СММ

Next Post

ИФТИТОҲИ МУСАВВАРА ВА ГУЛГАШТИ ЗЕБОИ САРБОЗӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ МУСАВВАРА ВА ГУЛГАШТИ ЗЕБОИ САРБОЗӢ

ИФТИТОҲИ МУСАВВАРА ВА ГУЛГАШТИ ЗЕБОИ САРБОЗӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook