Коррупсия аз замони қадим то ба имрӯз ҳамчун мушкилоти печида ва мубррами инсоният дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатиро халалдор карда, монеаи рушд ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.
Дар замони муосир низ падидаи мазкур ба худ хусусиятҳои хос, аз ҷумла аз порагирӣ то сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиро касб карда, ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии ҷомеаи инсонӣ таъсири манфии худро расонида истодааст.
Албатта, зуҳуроти коррупсия дар ҳар шакле набошад, боиси заиф шудани сутунҳои давлатдорӣ ва паст гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад ва муқовимат бар зидди ин падида бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа бошад.
Бояд қайд кард, ки танҳо баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне шурӯъ аз 25-уми сентябри соли 2006 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, дар ин радиф барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Низоми қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёдӣ дошта, дар раванди инкишоф ва рушд қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ се маротиба қонунгузории муқовимат бо коррупсия мукаммал гардида, 10-уми декабри соли 1999, №875 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (4 боб, 18 модда), баъдан дар таҳрири нав 25-уми июли соли 2005, №100 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (5 боб, 18 модда) ва ахиран 7-уми августи соли 2020, №1714 (7 боб, 36 модда) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул карда шуд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба санади барномавии муайянкунандаи дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, №34 « Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 « Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 « Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021 — 2025) » қабул карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Стратегияҳои қабулгардида бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ба тасвиб расиданд, ки дар доираи онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Самтҳои асосии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030
Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсип ва муносибатҳои асосии онро муайян менамояд.
Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Стратегия, инчунин ҳамкории фаъоли байналмилалӣ ва ёрии ҳамдигариро дар доираи ҳамоҳангсозии мубориза бо коррупсия бо ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамояд. Вазифаҳои Стратегия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқӣ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия, амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ иборат мебошад.
Дар маҷмӯъ, низоми қонунгузории муқовимат ба коррупсия дар доираи стратегияи зикркардида мавриди такмили ҳуқуқӣ қарор гирифта, меъёрҳое дар он мустаҳкам гардидаанд, ки онҳо бевосита муайянкунандаи асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсия буда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ ва муътадилии фаъолияти мақомоти давлатӣ равона гардидаанд.
Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд.
Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонунвайронкуниҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.
Бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, дар амалишавии он тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъол гардидааст.
Н. Мусоев, Ш.Валиев,
устодони Кафедраи
тибби ҳарбии МДТ “ ДДТТ ба
номи Абӯалӣ ибни Сино”