Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

КОРРУПСИЯ ВА ТАҲДИДИ ОН БА ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.06.2023
in Хабар
0
КОРРУПСИЯ ВА ТАҲДИДИ ОН БА ҶОМЕА
0
SHARES
77
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия ин як падидаи ногуворе мебошад, ки дар ҳама давру замон ба ҷомеа таъсири манфӣ расонида, боиси паст гардидани обрӯ ва нуфузи давлат мегардад. Мутаассифона баъд аз соҳибистиқлолӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми мушкилиҳо ва бӯҳронҳои иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ шуд. Дар ин давра шахсони бо ниятҳои ғаразнок аз вазифа ва мансабҳои ишғолнамудаашон истифода бурда, даст ба кирдорҳои коррупсионӣ заданд ва дар баъзе идораҳо, корхонаю муассисаҳо гирифтани ришва ва пора ба ҳукми анъана даромада буд. Пӯшида нест, ки коррупсия ба мисли кирме мебошад, ки дарахт ва меваро аз реша ва дарун истифода бурда, дар натиҷа онро нест мекунад. Ҳамин тариқ дар давлатҳое, ки коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда зиёд мебошанд, дар арсаи байналмилалӣ боиси нигаронӣ ва муҷозот қарор дода шуда, сабаби худдорӣ намудани сармоягузории хориҷӣ ва чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ мегардад. Аз ҳама ташвишовар он аст, ки коррупсия дар натиҷа метавонад ба давлат ва махсусан ба омодабошии ҷангии он таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин иброз намуданд “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоварад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Бо дарназардошти ин ва вобаста ба зиёд шудани аломатҳо, кирдорҳои хусусияти коррупсионӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа зарурати таҳия намудани санади дахлдори ҳуқуқӣ ба миён меояд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ин таҳдид, бо иқдоми оқилона ва дурандешона аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 — июли соли 1999, Фармон “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)” ба имзо расонида шуда, дар ин замина якчанд санаду меъёрҳои саривақтии дахлдори соҳавӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” таҳти №34 аз 26.01.2008, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” таҳти №1504 аз 30.08.2013 ва“Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳти №222 аз 03.08.2021.

Инчунин, бо ташаббуси Маҷмааи умумии СММ дар тамоми ҷаҳон 9-декабри соли 2003 “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” эълон гардид.

Пас аз қабули санаду меъёрҳои дахлдор ва талошҳои пайвастаи созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коррупсия ва омилҳо ба он мусоидаткунанда рӯ ба пастшавӣ ниҳоданд. Вале пурра бартараф намудани он дар ҷомеа аз ҳар як шаҳрванд ва махсусан хизматчиёни ҳарбӣ андешидани чораҳои зарурӣ ва талошҳои пурсамарро талаб менамояд. Зеро хизматчии ҳарбӣ бояд дорои дониши кофии ҳуқуқӣ, дилу ният ва қалби пок буда, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, доимо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватан, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳо ба харҷ дода, дар ҷомеа ва махсусан дар байни ҷавонон намунаи ибрат бошад.

 

Суҳроб ҲУСЕЙНЗОДА,

Муаллими калони кафедраи ҳарбии

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ

 ва соҳибкории Тоҷикистон,

 полковник

Previous Post

НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ ЯКУМИ ОМӮЗИШӢ

Next Post

ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ – НАХУСТЗИНАИ КАСБИ НИЗОМӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ – НАХУСТЗИНАИ КАСБИ НИЗОМӢ

ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ – НАХУСТЗИНАИ КАСБИ НИЗОМӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj