Бо дарназардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатиро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо ба масъалаи мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он диққати ҷиддӣ медиҳем ва гузашта аз ин, мубориза бо кирдорҳои коррупсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаем.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешрафту тараққиёти ҷаҳони муосир, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо дар назди башарият мушкилиҳои нав ба навро эҷод мекунад. Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ин фасод ё худ коррупсия мебошад, ки дар баробари пешрафту тараққиёти олам густурдатар гардида, дар қишрҳои гуногуни ҷомеа, дар манотиқи мухталифи дунё реша давонидааст. Албатта, коррупсия дар низоми иқтисодию амниятии ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, боиси буҳронҳои бузурги иқтисодӣ мегардад, ки ба буҷети давлатҳои алоҳида зарари калон мерасонанд.
Ҳарчанд вожаи коррупсия дар асрҳои миёна пайдо шуда бошад ҳам, кирдорҳои коррупсионӣ дар таърихи инсоният хеле пеш зуҳур карда буд. Асосан, кирдорҳои ба коррупсия монанд миёни мансабдорони хурду калон пайдо гардида, мансабдорони хурд барои ишғоли мансабҳои калон ба мансабдорони бузургтар туҳфаҳо пешкаш мекарданд, ки ин ҳама боиси дар таърих ба вуҷуд омадани зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ шуд.
Бо мақсади пешгирӣ аз коррупсия созмонҳои гуногуни байналмиллалӣ таъсис ёфта, ҳар сол нишондодҳои коррупсионӣ аз ҷониби давлату ширкатҳои гуногун ҳисоб карда мешавад.
Гуфтаҳои боло бар он гувоҳанд, ки имрӯзҳо коррупсия ба як мушкилии умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, бобати ҳалли ин масъала ягон давлату мамлакате бетараф буда наметавонад. Тоҷикистон ҳам барои рушди ҳамаҷониба ва суботи ояндаи миллати хеш дар қатори дигар мамолики дунё имрӯзҳо баҳри нест намудани ин падидаи номатлуб кӯшишҳо карда истодааст.
Пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон, дар заминаи имкониятҳои мавҷуда мақомоту сохторҳои гуногун таъсис карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардида, соли 2007 Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия табдил дода шуд. Соли 2008-ум аз ҷониби Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба тасвиб расид ва меъёрҳои қонунгузории милии Тоҷикистон ба он мутобиқ карда шуд.
Пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар кишвари мо яке аз масъалаҳои асосии сиёсати кишвар ба шумор рафта, ҳар сол ҷиҳати пешгирии ин падидаи нангин аз ҷониби сохторҳои давлатии босалоҳият санҷишҳо гузаронида мешавад. Имрӯз коррупсия амалест, ки натанҳо ҷомеаи як давлатро, балки кулли башариятро ба ташвиш овардааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар пешрафти давлату миллат монеаҳои бузургро эҷод намуда, имкон намедиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум боло равад. Пеш аз ҳама, роҳи пешгирии ин амали нангин дар тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани шуури сиёсӣ-ҳуқуқии мардум, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аст, ки ин ҳама метавонад, то ҷое ҷомеаи муосирро аз амалҳои коррупсионӣ амон бахшад. Ин ҳамаро ба назар гирифта, Президенти кишвар зимни суханрониашон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба сохторҳои гуногун супоришҳои махсус доданд: «…бояд корҳо дар самти ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо коррупсия, робита бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа вусъат бахшида шавад».
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки кирдорҳои коррупсионӣ имрӯзҳо то ҷое падидаи нангину номатлуб дониста шуда, ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ саъй бар он дорад, ки аз ин вабои аср наҷот ёбад. Пас, мо–халқи бузурги тоҷик бояд бо мақсади равшан намудани фардои миллату давлати худ дар қатори ҷомеаи мутамадддини дунё бар зидди чунин зуҳуроти номатлубу амалҳои нангин мубориза бурда, дар роҳи расидан ба мақсадҳои сиёсӣ–иқтисодии худ фаъол бошем.
М. ҚУРБОНОВА, Л. ХОЛИҚОВА,
омӯзгорони ДМТ