Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОРРУПСИЯ БА ПОЯИ АХЛОҚ ЗАРБА МЕЗАНАД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.03.2025
in Мақола
0
КОРРУПСИЯ БА ПОЯИ АХЛОҚ ЗАРБА МЕЗАНАД
0
SHARES
54
VIEWS
Share on Facebook

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд, ки «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар созем».

Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро имзо ва қабул кардааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин проблема ҳамеша диққати ҷиддӣ зоҳир менамуд. Бахусус, шуруъ аз соли 1999 дар самти мубориза бо коррупсия тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Дар мамлакат заминаи қонунӣ ва сохтории мубориза бар зидди коррупсия таҳия ва такмил меёбад.

Мафҳуми коррупсия хеле васеъ ва доманадор буда, паҳлӯҳои гуногунро дар бар мегирад. Коррупсия набояд танҳо дар доираи донишҳои ҳуқуқӣ таҳлилу хулосагирӣ гардад, зеро он фақат ҳодисаи ҷиноӣ набуда, ҳамчун раванди иртиҷоии иҷтимоӣ заминаҳо ва хусусиятҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайраҳоро бо ҳам пайвастааст. Бинобар ин, ҳангоми тавсиф ва таъриф додани падидаи мазкур ва ташхиси хусусиятҳои асосии он мебояд тамоми паҳлуҳо ва муносибати мутақобилаи он бо ҳодисаю равандҳои дигари ҷомеа фарогир бошанд.

Падидаи мазкур на танҳо ришвахӯрӣ, балки амалҳои дигари иртиҷоӣ, аз қабили порадиҳӣ, харидани шахсони мансабдор, туҳфаҳо ба роҳбарону ҳокимон, протексионизм (ошнобозӣ) ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва пешбарии одамон ба вазифаҳои идораи давлатӣ бештар дар заминаи афзалияти аломатҳои хешу таборӣ, табақавию қавмӣ ё иштироки бевоситаи шахсони мансабдор дар тақсими даромадҳо ба манфиатҳои шахсӣ ва ғайраҳоро ифода менамояд.

Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз масоили мураккабтарин буда, хусусияти умумибашариро соҳиб гардидааст ва беш аз пеш аз худ дарак медиҳад. Он ба ҷумлаи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ворид мешавад. Ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Дар шароити ҳозира қариб мамлакатеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои коррупсионӣ орӣ бошад. Омилҳои гуногун дар ташаккули он саҳм мегиранд.

Таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами олам нишон медиҳад, ки ташаккул ва рушди синфи миёна ё худ умумияти аксарияти аҳолӣ нишондоди муҳимтарини баланд гардидани сатҳ ва сифати зиндагии одамон аст. Бо дарназардошти ин, дар мамлакати мо “Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ” қабул гардидааст, ки амалӣ намудани он заминаи боэътимоде дар рафъи коррупсия хоҳад буд.

Дар ҳамгироӣ бо ҷинояткории муташаккилона амал намудани коррупсия яке ҷиҳатҳои хоси он аст. Махсусан, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо коррупсия алоқаи қавӣ пайдо намудааст. Тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар арсаи ҷаҳонӣ дар бисёр ҳолатҳо бе иштироки бархе аз амалдорони сатҳи гуногуни давлатӣ ва ё соҳибмансабони дигар номумкин гардидааст. Онҳо бо сӯйистифода аз мансаби давлатӣ ва мақоми иҷтимоиашон, барои ба даст овардани даромади зиёд ва ё харидани мансаби боз ҳам баландтар ба раванди ҷинояткории муташаккил пайваст мегарданд. Маблағҳои зиёде барои харидани амалдорони давлатӣ, кормандони мақомоти низомӣ ва қудратии ҳокимият ва мақомоте, ки бояд бар зидди фаъолияти ғайриқонунии аҳли ҷомеа мубориза баранд, сарф мегарданд.

Таҳлилу хулосагириҳои ҳодисаҳои мушаххаси террористӣ нишон медиҳанд, ки ҳамгироии террористон бо коррупсионерон дар сатҳи баланд қарор гирифтааст. Хусусиятҳои гуногуни коррупсияро ба инобат гирифта, мақомоти гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд барои муборизаи самараноки зидди он чораҳо андешанд. Ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон, яке аз омилҳои пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад.

Коррупсия дар пайвастагӣ бо ҷинояткории муташаккил ва махсусан, бо терроризм ва навъҳои дигари канораи экстремизми сиёсӣ ба яке аз таҳдидҳои амнияти олами муосир табдил ёфтааст.

Ғолибият дар мубориза бо коррупсия боиси пешрафту шукуфоии давлату миллат мегардад, аҳли ҷомеаро саодатманд месозад. Аз ин рӯ, аз мардуми саодатманди кишвар, ба хусус ҷавонони баору номуси Ватан даъват ба амал меорем, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд. Зеро бетарафӣ–бешарафист!

 

Р. ФАТОЕВА,

омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ

ва дизайни Тоҷикистон

Previous Post

ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

Next Post

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ САЙЁРА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ САЙЁРА

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ САЙЁРА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook