Аз маҷмӯи дастовардҳои арзишманде, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он ноил гардидааст, ин бунёди рукни муҳиму асоси давлатдорӣ, яъне Артиши миллӣ мебошад, ки имрӯз ҳамчун сипари боэътимод, пуштибони Истиқлоли миллӣ ва қувваи бузургу қудратаманд дар таъмини бехатарӣ ва амнияту суботи комили давлату миллат саҳми арзанда дорад.
Албатта, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи низомии кишвар ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбарияти олии мамлакат масоили таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакатро ҳамчун ҳадафи олӣ дар партави таваҷҷуҳи доимии хеш қарор дода, дар заминаи ҳамкорҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон, корҳои судманду басо ҳам манфиатоварро дар самти таъминоти техникӣ, моддиву майишӣ, таълимиву таҷрибавӣ, тактикиву ҷангӣ ва ҳам азнавсозиву муҷаҳҳазгардонии ҷузъу том бо силоҳиу муҳиммоти ҷангӣ ва техникаҳои вазнини ҳарбӣ марҳила ба марҳила амалӣ намудаанд.
Маҳз, натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳо, анҷоми корҳои муваффақонаи соҳавӣ, сохтмону бунёди бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта дар минақаҳои стратегии ҷумҳурӣ, фароҳамсозии шароити мусоиди хизматӣ дар пойгоҳи ҳамаи қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ, таъмин намудани сафи ҷузъу томи артиш бо кадрҳои афсарӣ, ширкат дар машқҳои муштараки васеи низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва амалинамоии масъалаҳои дигари монанд ба ин мебошад, ки имрӯз низомиёни мамлакат бо омодагии баланди ҷангӣ дар ҳифз ва мудофиаи марзу буми Ватан қарор доранд.
Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ ва амалӣ, ки таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-Асосгузори Артиши миллии Тоҷикистон” дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони аҳли зиё, кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ доир гардид, зимни он иштирокчиён вобаста ба нақши Пешвои миллат дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат ва таваҷҷуҳу дастгирҳо нисбат ба хизматчиён ҳарбӣ маърӯза намуданд.
Дар рафти конфронс қайд карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар бунёду азнавсозии худ роҳи начандон тӯлонӣ ва басо сангину ибратбахшро тай намуда, имрӯз ба як нерӯйи санҷидашуда дар таҷриба ва дорои қудурату тавонии баланди ҷангӣ табдил ёфтааст, ки ҳайати шахсии он бо донишу малакаи баланди касбӣ, таҷрибаву тактикаи муосири ҷангӣ ва интизоми намунаиву рӯҳияи баланди хизматӣ баҳри иҷрои вазифаҳои масъулиятноки низомӣ дар назди халқу Ватан омода мебошанд.
Маърӯзакунандагон бо дарназардошти вазъияти ноустувор ва бисёр ҳам ҳассоси нахустсолҳои давлатдории мустақили миллӣ афзуданд, ки дар ҷойи холӣ ва дар шароити ниҳоят мураккаби иқтисодӣ таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар минбаъда таҳкиму тақвият бахшидани ҳама рукнҳои он хоси сиёсатмадорест, ки тамоми қувваву ғайрат ва ақлу заковати худро бо мақсади олӣ, яъне ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи халқ равона месозад.
Аз ин рӯ, дар заминаи сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат ва бо эътимоду боварии комил ба Артиши ҷавони Тоҷикистон ва афсарону сарбозони муҳофизи ин мазу бум таъкид карда шуд, ки дар замони босуръати ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои афзоишёбандаи минтақа ва ҷаҳон, хизматчиёни ҳарбӣ ва дар ин баробар ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси кишварро зарур аст, ки чун ҳарвақта давлату миллати хеш, марзи куҳанбунёди ниёгон ва истиқлолу дастовардҳои беназири 30 соли онро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин нигоҳ дошта, бо садоқати ҷавонмардӣ ба халқу Ватан ва Президент хизмат намоянд.
ЧОРАБИНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ
Ҷамъомади дигари ҷашние, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо иштироки афсарону устодон ва курсантони ин муассисаи таълимии низомӣ доир гардид, зимни он масъулини Вазорати мудофиа ва намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Душанбе ва Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир ба нақши Артиши миллӣ ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ дар таъмини суботу оромии кишвар ва роҳи пурпечутоби тайнамудаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон қайд карданд, ки имрӯз ҷавонмардони бо нангу ори Ватан дар тамоми қисму воҳидҳои ҳарбии кишвар сафи ҳам истода, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ хизмати пурмасъулу заҳматталаби низомии худро дар самти ҳифзи суботу оромӣ ва амнияти давлату миллат сарбаландона пеш буда истодаанд. Дар идома, ба донишҷӯёни низомӣ таъкид карда шуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ метавонанд, бо истифода аз имкониятҳои таълимиву таҷрбавии мавҷуда аз донишҳои муосир ва навовариҳои илми ҳарбӣ баҳраманд гардида, пас аз хатм фаъолияти худро дар сафи Артиши миллӣ ва баҳри иҷрои рисолати муҳими фарзандӣ дар назди халқу Ватан муваффақона идома диҳанд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон вобаста ба вазъи мавҷудаи Артиши кишвар зикр карданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии чузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.
ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОН АЗ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ
Дар арафаи таҷлил аз ҷашни 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ бо ибтикори масъулини ҲХДТ ва Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ чорабиниҳои гуногун ташкилу ба роҳ монда шуд. Зимни баргузории чорабиниҳои навбатӣ падару модарони сарбозон, мактаббачагон ва ҷавонони синни даъватӣ дар доираи дарҳои кушод аз шароити буду боши афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дидан намуда, аз фаъолияти рӯзмарраи онҳо дар хизмат ба халқу Ватан ошноӣ пайдо намуданд.
Афсарони масъули қисми ҳарбии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмони синфҳои болоӣ ва ҷавонони синни даъватии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар саҳни ҳавлии қисми ҳарбӣ, ки он ҷо навъҳои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ ба намоиш гузошта шуда буд вобаста ба сохт ва тактикаву хислатҳои истифодабарии онҳо маълумот дода, намояндагони қишри бонуфузи ҷомеа, ё худ насли ояндасози Меҳанро бо шароити рӯзмарраи хизматӣ шинос намуданд. Чун ҳар вақта, он рӯз меҳмонони ин қисми ҳарбии Қӯшунҳои хушкигард аз хобгоҳи сарбозон, хонаҳои фароғативу хизмати майишӣ, ошхона, биноҳои таълимӣ ва дигар нуқтаҳои хизматӣ аз наздик ошоӣ пайдо намуданд.
Воқеан, хонандагони синфҳои болоиии мактабҳои миёнаи кишвар чун насли ояндасоз ва муҳофизи ояндаи Ватан дуруст дарк намуданд, ки бояд ҳатман мактаби мардонагӣ, яъне хизмат дар сафи Артиши миллиро гузашта, саҳмгузор дар суботу пойдориии Тоҷикистони маҳбуб бошанд. Аз ин хотир, онҳо зимни дидан намудан аз қисмҳои ҳарбӣ бо афсарону сарбозон доир ба афзалияту муҳиммияти хизмати ҳарбӣ суҳбат намуда, барои сарбаландона анҷом додани вазифаи шаҳрвандии худ омодагӣ мегиранд. Ва ин аст, ки ҳамасола даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вақти муайяншуда анҷом дода мешавад.
Ин гуна чорабинии ҷашниро масъулини КИМ ҲХДТ низ ташкил карданд, намоягдагони қишри гуногуни ҷомеа, пеш аз ҳама, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умии пойтахт аз шароити буду бош ва фаъолияти афсарону сарбозони Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи мамлакат дидан намуданд.
Силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ ва техникаҳои вазнини ҷангӣ, ки дар ҳар як қисми ҳарбӣ мавҷуд аст, барои тамошо ва маълумот пайдо намудани хонандагон ба намоиш гузошта шуда буд, ки хонандагон бо шавқу рағбати беандоза доир ба махсусият ва хислатҳои техникиву тактикии онҳо аз афсарони масъул суол мекарданд. Афсарон бошанд, ба хонандагон ва гурӯҳи ҷавонон оид ба афзалиятҳо ва бартарияти хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иброз намуда, ҳифзи марзу буми кишварро вазифаи асосии ҳар як шаҳрванд арзёбӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, ин ҷавонписарон аз як рӯзи ҳайёти хизматии сарбозон, таълимоти фанию машғулиятҳои тактикӣ, тартиби рӯз ва дар маҷмӯъ, эҳсоси масъулияту иҷрои дақиқи вазифаи муайяншуда дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ то андозае огаҳӣ пайдо намуданд.
Ҳамзамон, дар ин қисмҳои низомӣ аз ҷониби ҳайати шахсии гурӯҳи чорабиниҳои махсус ба хонандагон намоиши зӯрозмоиҳои танбатан ва дигар унсурҳои хоси низомиён, ки аз машғулиятҳои ҳамешагии сарбозон маҳсуб меёбад, намоиш дода шуд.
Албатта, қайд кардан ба маврид аст, ки ташкилу роҳандозӣ намудани ин гуна чорабиниҳо, агар аз яктараф ошноӣ пайдо намудан аз шароити хизмати ҳарбии афсарону сарбозон бошад, аз тарафи дигар, ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон нақши муассир гузоштаву эшонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба камол мерасонад.
МАШҚҲОИ ТИРПАРРОНӢ ДАР ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ
Омодабошии доимии ҷангӣ ва дар ин замина, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат аз фаъолияти пурсамари ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сатҳи баланди омодагии касбии ҳар як афсару сарбоз вобастагии калон дорад. Бо мақсади муайян намудани маҳорати тирпарронии ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ, Ситоди генералӣ, раёсатҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе, кафедраҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимии низомии кишвар чанде қабл дар пойгоҳи Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа мусобиқаи тирпарронӣ ташкилу гузарнида шуд, ки зимни он афсарони иштирокчӣ аз силоҳи оташфишони сабуки ҷангӣ тирпарронӣ намуданд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ноором гардидани вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон, тарбияи кадрҳои болаёқати соҳа, истифодаву корбарии навъҳои муосири аслиҳаву муҳиммоти ҷангӣ аҳамияти муҳим касб намуда, зарурати пайваста ташкилу гузаронидани чунин чорабиниҳои ҳарбиро ба миён овардааст.
Ин гуна мусобиқаҳо ва тамринҳои низомӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ пайваста доир карда мешаванд, ки ба қавли масъулини омодабошии ҷангии Вазорати мудофиа он ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳарбӣ-сиёсии афсарону сарбозон, мукаммалсозии таҷрибаи мутахассисони соҳа, омӯзишу истифодабарии силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дар самти иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ мусоидат мекунад.
29-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО БО СОЛИМИИ ҶИСМОНӢ ВА НЕРӮЙИ ҚАВИИ ВАРЗИШӢ ТАҶЛИЛ МЕНАМОЕМ!
Дар доираи нақша-чорабиниҳои варзишӣ ва ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиа, дар байни хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардид. Мусобиқаҳое, ки ба ин муносибат дар байни дастаҳои варзишии хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералӣ, раёсатҳои навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия ва контингенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу ба роҳ монда шуд,ки зимни он иштирокчиён аз навъҳои гуногуни варзиш байни ҳам сабқат намуданд.
Мусобиқаи мазкур бо иштироки дастаҳои варзишӣ дар толори варзишии Мактаби байналмиллалии Президентӣ доир гардид, ки дар рафти он дастаҳои иштирокчӣ аз рӯйи намуди волейбол ва футболи хурд байни ҳам сабқат намуда, маҳорати хуб нишон доданд.
Ҳадаф аз ташкилу роҳандозӣ намуднаи ин гуна мусобиқаҳои варзшӣ ин пеш аз ҳама, ҳифзи сиҳатӣ ва обутоби ҷисмонии афсарону сарбозон баҳри сарбаландона ва бечунучаро ба ҷо овардани вазифаҳои хизматӣ буда, гузашта аз ин, бар ин васила омодагии доимии онҳоро дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватан нишон медиҳад. Ин гуна мусобиқаҳои варзишӣ ҳамзамон имкони дигаре барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва беҳтар гардонидани робитаи байни хизматчиёни ҳарбӣ дониста мешавад.
Зимни ҷамъбасти мусобиқаи навбатӣ, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни фаъоли он бо медалҳо ва туҳфаву ифтихорномаҳои Вазорати мудофиа сафароз гардонида шуданд.
Чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар рарафаи таҷлил аз 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҳудуди гарнизонҳои Душанбе, Суғду Хатлон, Хоруғ ва минтақаи Рашт низ аз рӯйи навъҳои гуногуни варзиш ташкилу гузаронида шуд.
Масъулини Клубми марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа, ки чун ҳарвақта ташаббускор ва ташкилкунандаи мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, мақсад аз ташкилу гузаронидани чорабиниҳои навбатии варзиширо низ рушду нумӯи навъҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳамзамон баҳри сазовор пешвоз гирифтану дар сатҳи баланд таҷлил намудани 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Дар воқеъ, варзиш воситаи самаронокии фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ва машғулияти доимии онҳо ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати инкишофи маҳорати варзишиву обутоби ҷисмонӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву касбии афсарону сарбозон пайвата ташкилу гузаронида мешавад.
Дар охир бояд тазаккур дод, ки силсилаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали сол оғоз гардида, он бо тантанаҳои ҷашнӣ ва ташкили конфренсияҳои илмиву амалӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, варзишӣ ва оростани дастархони идона ба афсарону сарбозони қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ идома дорад. Ҳамзамон, дар заминаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти олии мамлакат ба хизматчиёни ҳарбӣ, пеш аз ҳама, ба хизматҳои фарзандони содиқу сарсупурдаи Ватан, ки дар роҳи расидан ба ваҳдат, сулҳи пойдор дар ин сарзмин, ҷоннисориҳо намудаанд, ба аъзои оилаҳои онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Дар воқеъ, таҷлили бошукӯҳи ҷашни Артиши миллӣ аз ҷониби сокинон дар баробари низомиёни мамлакат бори дигар нақши Артиши ҷавони Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод дар таъамини амнияти давлату миллат собит намуда, аз болоравии нуфуз ва обрӯйи Қувваҳои Мусаллаҳ дар миёни аҳолии кишвар дарак медиҳад.
БОҚӢ ШАРИФЗОДА
рӯзноманигор