Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР БА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.04.2024
in Хабар
0
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР БА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
0
SHARES
217
VIEWS
Share on Facebook

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Иқдоми мазкур агар аз як тараф ба муносибати таҷлил аз 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии  сокинон ва огоҳии ҳарчӣ бештари онҳо аз Конститутсия ва дигар қонунҳо роҳандозӣ гардидааст.

Ин аст, ки барои дар амал татбиқ намудани ин иқдоми саривақтӣ дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ пайваста конфронсу нишастҳо ва вохӯриву ҷаласаҳо гузаронида мешавад.

Бо  ин мақсад дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи мамлакат Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Муовини вазири мудофиа, генерал-майор Музаффар Раҳимзода зимни ифтитоҳи конференсия баргузории онро муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Дар конференсияи мазкур намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкада ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иштирокчиён зимни баромади худ дар мавзӯъҳои “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ”, “Маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ-пойдории  риояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд”, “Сатҳи баланди ҳуқуқдонӣ-кафолати рушди кишвар”, “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кишвар-вазифаи махсуси мақомоти корҳои дохилӣ: таҳлилӣ ва назариявӣ илмӣ”, “Шуури ҳуқуқӣ ва заминаҳои деформатсияи он”, “Мақоми ҳуқуқи низоъҳои мусаллаҳона дар маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ва саҳми омӯзгор дар пешгирии он” ва “нақши маърифати ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа” маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳамзамон, ҳамин гуна конференсия дар Раёсати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иштироки намояндагон аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати назорати муомилоти нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони ин навъи қӯшун гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадаф ва мавзуву муҳтавои асосии конференсияи мазкур оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, таҳлилу баррасии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, “Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалинамоии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” равона гардида буд.

Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён барои пешниҳоди маърӯзаҳои пурмазмун ва баррасии амиқи мавзӯъҳои муҳим бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Шоҳин ШАРИФОВ,

рӯзноманигор

Previous Post

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook