Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-ҲАРБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ»

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.05.2026
in Хабар
0
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-ҲАРБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ»
0
SHARES
118
VIEWS
Share on Facebook

29 май дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур коршиносону мутахассисони соҳа аз як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, афсарону кормандони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ низ дар кори конференсия фаъолона ширкат варзиданд.

Конференсияро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми вазири мудофиа генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки истифодаи технологияҳои муосир, бахусус зеҳни сунъӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техникаву технологияҳо ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори мудофиавии давлат табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки ҷорӣ намудани чунин технологияҳо метавонад самаранокии идоракунӣ, таҳлил ва банақшагирии низоми амниятиро ба маротиб баланд бардорад.

Сипас, аз ҷониби коршиносони соҳа вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Дар баромадҳо масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи системаҳои интеллектуалӣ, таҳлили иттилоот ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни амниятиву мудофиавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни конференсия зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату ҳукумат бояд дар баробари рушди замони муосир аз имкониятҳои пешрафтаи илм ва технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, васеъ истифода намуда, сатҳи омодабошии ҷангӣ ва касбияти ҳайати шахсиро боз ҳам баланд бардоранд.

Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт ва вобаста ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои мушаххас манзур гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Previous Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов 08.10.2026.

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов 08.10.2026.

08.10.2026
Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 08.10.2026 .

Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 08.10.2026 .

08.10.2026
Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 08.10.2026

Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 08.10.2026

08.10.2026
Сафари корӣ ба Туркманистон 08.10.2026.

Сафари корӣ ба Туркманистон 08.10.2026.

08.10.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook