Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва муҳимтарин марҳилаҳои ташаккули давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, заминаҳои ҳуқуқии ташаккули давлати соҳибистиқлолро муайян намуда, ирода, ормон ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ таҷассум кард. Дар раванди таҳия, қабул ва татбиқи Конститутсия, инчунин таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ, нақши роҳбарияти олии кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.
Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат на танҳо сохтор ва низоми фаъолияти ҳокимияти давлатиро муайян менамояд, балки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипҳои ташкили ниҳодҳои давлатӣ, муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро низ муқаррар мекунад. Маҳз тавассути ин санади сарнавиштсоз арзишҳои бунёдии демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, озодии сухан, озодии эътиқод ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи конститутсионии худро пайдо намуданд.
Раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сурат гирифт. Марҳилаи нахустини таҳияи он ба соли 1992 рост меояд. Дар ин давра гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфта, ҳуҷҷати мазкур омода ва барои баррасӣ ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Лоиҳаи Конститутсия 28 апрели соли 1992 дар матбуот нашр шуда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Муҳлати ҷамъбасти пешниҳод ва андешаҳои шаҳрвандон то 1 июли ҳамон сол муқаррар гардида буд.
Лоиҳаи пешниҳодшуда аз муқаддима, ҳафт фасл, 12 боб ва 136 модда иборат буд. Аммо вазъи мураккаби сиёсӣ, шиддат гирифтани ихтилофҳои дохилӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ барои идомаи муназзами раванди муҳокима ва қабули он монеа эҷод намуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот, нигоҳ доштани сохти давлатдорӣ ва барқарор намудани фаъолияти муътадили сохторҳои давлатӣ ба масъалаҳои ҳаётан муҳим табдил ёфтанд.
Дар ин замина Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини кишвар мавқеи махсус касб намуд. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғози марҳилаи нави сиёсӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартараф намудани буҳрони шадиди давлатдорӣ замина гузошт. Дар чунин вазъияти мураккаб зарурати таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, муайян намудани сохтори ҳокимият, фароҳам овардани заминаҳои устувори фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон беш аз пеш эҳсос мегардид.
Марҳилаи асосии таҳияи Конститутсияи амалкунанда ба фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ ва бознигарии лоиҳаи Қонуни асосӣ дар соли 1993 иртибот дорад. Бо қарори Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи конститутсионӣ тағйир дода шуда, роҳбарии он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзиши таҷрибаи давлатдорӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ имкон фароҳам овард, ки таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия бо дарназардошти вазъи воқеии сиёсиву иҷтимоии кишвар идома ёбад.
Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ масъалаҳои муайян намудани шакли идораи давлат, ташкили шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муқаррар намудани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Комиссияи конститутсионӣ ду шакли идораи давлат президентӣ ва парлумониро мавриди баррасӣ қарор дода, дар натиҷа шакли идораи президентиро барои муҳокимаи умумихалқӣ тавсия намуд.
13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсия барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандон бевосита дар баррасии санади олии ҳуқуқии давлат иштирок намуда, андеша, пешниҳод ва эродҳои худро нисбат ба муқаррароти он баён намоянд. Дар давраи муҳокимаи умумихалқӣ беш аз 8,5 ҳазор пешниҳод ва муроҷиат ворид гардид, ки омӯзиш ва баррасии онҳо дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳаммияти муҳим дошт.
21–22 июли соли 1994 лоиҳаи Конститутсия дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, барои қабули он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тавсия дода шуд. Лоиҳаи ниҳоии Қонуни асосӣ аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат буд.
Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз мардуми Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ин санади тақдирсоз истиқлолияти давлатии кишварро аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳким бахшида, мақоми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар кард.
Аҳаммияти таърихии қабули Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он барои ташаккули низоми мукаммали ҳуқуқии давлат, таҳкими сохти конститутсионӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа заминаи устувор гузошт. Дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали истиқлолият қабули Қонуни асосӣ қадами муҳим дар роҳи ба низом даровардани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мерафт.
Бо қабули Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам гардида, барои ташаккул ва рушди низоми қонунгузории миллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар асоси меъёрҳои он қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ба танзими ҳуқуқӣ дароварда шуданд. Ин раванд дар ташаккули низоми мустақили ҳуқуқии Тоҷикистон, муайян намудани салоҳият ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муассир гузошт.
Ҳамзамон, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардидани лоиҳаи Конститутсия ва ба инобат гирифтани андешаву пешниҳодҳои шаҳрвандон аз аҳаммияти иштироки ҷомеа дар ташаккули санади олии ҳуқуқии давлат шаҳодат медиҳад. Ин таҷрибаи муҳим собит намуд, ки ҳалли масъалаҳои сарнавиштсози давлатдорӣ бояд дар асоси омӯзиши ҳамаҷониба, баррасии манфиатҳои ҷомеа ва риояи тартиботи муқарраргардидаи ҳуқуқӣ сурат гирад.
Дар ин раванд нақши таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, бо роҳбарӣ ба Комиссияи конститутсионӣ, пешбурди раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ ва ташкили муҳокимаи умумихалқии он алоқаманд мебошад. Қабули Конститутсия дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи кишвар, ташаккули ниҳодҳои давлатдорӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон аҳаммияти бузург дошт.
Бо таҳкими сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои рушди минбаъдаи ниҳодҳои давлатӣ, такмили низоми ҳуқуқӣ ва татбиқи ислоҳоти гуногунсоҳа шароити мусоид фароҳам омад. Тағйир ёфтани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, таҷрибаи амалисозии меъёрҳои конститутсионӣ ва зарурати мутобиқ намудани сохтори давлатӣ ба талаботи замон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия ба миён овард.
Дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, ислоҳоти конститутсионии соли 1999 барои ташаккули низоми дупалатагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Тағйиру иловаҳои минбаъда низ ба такмили сохтори ҳуқуқии давлат, мукаммал намудани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ равона гардида буданд.
Ин дигаргуниҳо дар заминаи таҷрибаи андӯхтаи давлатдорӣ ва зарурати такмили механизмҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ амалӣ шуда, барои идомаи ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар маҷмӯъ, таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, рушди инфрасохтор, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд.
Барои татбиқи ҳадафҳои муайяншуда фаъолияти босамари ниҳодҳои давлатӣ, иҷрои бечунучарои қонунҳо, истифодаи оқилонаи захираҳо ва иштироки фаъоли шаҳрвандон низ аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Маҳз дар ҳамбастагии ин омилҳо имконият фароҳам меояд, ки меъёрҳои конститутсионӣ дар амал татбиқ гардида, заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори ҷомеа таҳким ёбанд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсия на танҳо санади муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, балки заминаи ҳуқуқии ҳамкории давлат ва ҷомеа дар роҳи пешрафту созандагӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти Қонуни асосиро чунин таъкид намудаанд: «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад».
Ин андешаи Пешвои миллат моҳияти Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва пояи ташаккули ҷомеаи қонунмеҳвар ба таври возеҳ ифода мекунад. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун таъмин гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром мешаванд ва мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти қонунии худ фаъолият менамоянд, барои рушди устувор, таъмини адолат ва ҳифзи манфиатҳои умумӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоянд.
Аз ин рӯ, риояи Конститутсия ва қонунҳо бояд ба меъёри доимии рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон ва фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ табдил ёбад. Эҳтиром ба қонун, иҷрои масъулиятноки уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва муносибати ғамхоронаю масъулона ба манфиатҳои ҷомеа аз ҷумлаи омилҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор мераванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизамон дигаргуниҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба амал омада, садҳо корхона, муассиса ва иншооти мухталифи истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд гардиданд. Татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои гуногун барои рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар ҷиҳати иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти иқтисодии кишвар шароити мусоид муҳайё намуд. Дар ин раванд заминаҳои ҳуқуқии пешбининамудаи Конститутсия ва қонунгузории миллӣ аҳаммияти махсус доранд.
Ҳамзамон, татбиқи самараноки муқаррароти Конститутсия тақозо менамояд, ки кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон на танҳо дар сатҳи меъёрҳои ҳуқуқӣ муқаррар гардида, балки дар амал низ таъмин карда шаванд. Фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ буда, ҳар як ниҳод дар доираи салоҳият ва масъулияти ба зиммадоштааш амал намояд. Танҳо дар чунин шароит эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таҳким ёфта, барои рушди устувори мамлакат заминаи боэътимод фароҳам мегардад.
Дар баробари ин, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои конститутсионӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти ҳар як узви ҷомеаро низ дар бар мегирад. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, қонунҳоро эҳтиром намояд, ба ҳуқуқи дигарон арҷ гузорад ва дар доираи муқаррароти ҳуқуқӣ амал кунад. Маҳз тавассути чунин муносибати масъулона метавон фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардошта, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро таҳким бахшид ва дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳми арзанда гузошт.
Имрӯз, дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо аҳаммияти беш аз пеш пайдо мекунад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузург ва дастовардҳои таърихие мебошанд, ки ҳифзу таҳкими онҳо масъулияти доимии ҳар як фарди ҷомеаро тақозо менамоянд. Дар ин замина, омӯзиши Қонуни асосӣ, шинохти ҳуқуқу озодиҳо ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ бояд ҷузъи муҳими тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандӯстонаи насли оянда бошад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, рамзи соҳибихтиёрии давлатӣ, таҷассумгари иродаи халқ ва пояи устувори давлатдории миллӣ нақши муҳимро иҷро менамояд. Ин санади сарнавиштсоз на танҳо заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти давлатро муайян кардааст, балки барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон низ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Эҳтиром ба Конститутсия, риояи бечунучарои қонунҳо, иҷрои масъулиятноки уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар мебошад. Зеро ояндаи босуботу пешрафтаи Ватан, пеш аз ҳама, аз сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва садоқати ҳар як фарди ҷомеа ба арзишҳои давлатдорӣ ва манфиатҳои миллӣ вобастагии мустақим дорад.
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал-майори адлия Тоҳирзода Н.У.





