Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОНСТИТУТСИЯ – ЗАМИНАИ ДУРНАМОИ ИНКИШОФИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.11.2026
in Мақола
0
КОНСТИТУТСИЯ – ЗАМИНАИ ДУРНАМОИ  ИНКИШОФИ ҶОМЕА
0
SHARES
16
VIEWS
Share on Facebook
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкурсии давлату давлатдории навини мо мебошад ва имрӯз, ки дар арафаи таҷлили 32-умин солгарди ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз қарор дорем.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як халқият дорои расму ойин ва урфу одати хоси худ мебошад, ки дар ҳар давру замон ӯро ҳамчун миллат муаррифии гетӣ мегардонад, аз ҳамин лиҳоз, гузаштагони фарҳангсолору тамаддунофари мо ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддаси моро тавассути эҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равона гардида, эмин нигоҳ доранд ва имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки дар замони муосир ин анъанаи нек идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки хоси мақсаду мароми миллати мо мебошанд.
Дар ҳамин радиф гуфтан ҷоиз аст, ки Конститутсияи имрӯза барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги бойи қадима мебошад, таҳия шуда, бо дарназардошти шароити муосир таҷассумгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати озоди мо мебошад.
Қонуни асосии кишвар, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабу қисматсоз ва пурпечутобу ҳассоси рӯзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати куҳанбунёдамон, яъне бунёди давлати муосир, ки ҷавҳари аслии онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Арзишҳои муқаддаси Қонуни олии мамлакат муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократии кишвари азизамонро муайян намуда, ҳамчун ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равшангари роҳи пешрафти ҳаёти ҷомеа буда, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.
Дар ҳамин радиф зикри як нуқта кофист, ки Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид.
Дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷомеа дар замири эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иҷтимоӣ мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ, муносибатҳои сифатан нави миёни шахсият, ҷомеа ва давлат, инчунин ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ирода ва манфиати халқи Тоҷикистонро ифода намуд, инчунин меъёрҳоеро дарбар гирифт, ки онҳо ирода ва манфиати халқи Тоҷикистонро кафолат дода, ҳимоя мекунанд. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиби сохтори ҷамъият, сохтори давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолату ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва доираи салоҳияти онҳоро муайян намуд. Иродаи халқ ба шакли конститутсияи ҳуқуқӣ (қонуни асосӣ) дароварда шуд, яъне мазмуни меъёрҳои конститутсионӣ ба шароити моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа мувофиқат карданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми мақомотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдорро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохт.
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, ќадр ва номуси инсонро эълон менамояд ва давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Бо дарназардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Конститутсияи мо ба ин мавзӯъ боби махсус ва мустақил, ки пеш аз тамоми бобҳои танзимкунандаи сохти давлатӣ омадааст ва нисбат ба бобҳои дигар ҳаҷман васеътар мебошад, бахшида шудааст.
Асоси ин бахшро меъёрҳои эътирофшуда ва пазируфташудаи ҳуқуқӣ байналхалқӣ, ки аз Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар бармеоянд, ташкил медиҳад. Асноди мазкур бо пайравӣ аз суннату арзишҳои бузурги ахлоқӣ ва андешаи эҳтироми ҳуқуқии инсон талаб мекунанд, ки барои инкишофи озодонаи фард шароити зарурӣ таъмин карда шавад.
Моддаи 14 Конститутсияи Тоҷикистон бо тамоми ин ақидаву андеша ва меъёрҳо мутобиқат дорад, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми он гуфта мешавад: “Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”.
Конститутсия силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иҷтимоиву иќтисодӣ ва фарҳангиро дарбар мегирад, ки ҳар яке аз онҳо ҳам ба талаботи меъёрҳои умумиқабулшудаи байналмилалӣ ва ҳам ба шароити воқеии кишвари мо ҷавобгӯ мебошанд.
Дар моддаи 43 Конститутсия омадааст, ки: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои пештара, нигоҳдошти сарзамини аҷдодӣ ва осори фарҳанги миллӣ, рушди давлати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва иқдори мудофиавии давлат, ободонии кишвар, ҳаёти хушбахтонаи наслҳои ҳозира ва минбаъда мебошад.
Ҳифзи Ватан дар ҳолати ҳуқуми мусаллаҳона ва эълони ҳолати ҷанг гирифтани силоҳ, шуҷоат, қаҳрамонӣ ва ҷонфидоии ҳар шаҳрванди бо нангу номусро талаб мекунад.
Муҳофизони ҳақиқии Ватан бояд сарзамини ниёгонро баробари модар ва ҳатто мисли ҷони худ дӯст доранд ва барои озодиву истиқлоли кишвар ва амнияту оромии давлату ҷомеа ҷони худро дареғ надоранд.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Сардори шуъбаи назорати тафтишоти
пешакӣ дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ
подполковники адлия Баҳризода А.Х.
Previous Post

КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Next Post

Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд

Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

16.11.2026

16.11.2026

16.11.2026

16.11.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook