Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОНСТИТУТСИЯ–БАХТНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.10.2024
in Мақола
0
КОНСТИТУТСИЯ–БАХТНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
0
SHARES
441
VIEWS
Share on Facebook

 

“Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст”

                                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Сохтори нави давлатдорӣ, ки дар заминаи Истиқлоли давлат ба миён омад, ҳанӯз дар солҳои 1992 ҷомеаи моро дар пешорӯйи тағйирот ва гардишҳои куллӣ қарор дода буд. Дар ин росто, пеш аз ҳама зарурати эҷод ва қабули санади танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷомеа ба миён омад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари асосӣ қарор дода шуд ва он аз самараи давлати тозабунёд шаҳодат медод.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш бахшида ба Рӯзи Конститутсияи кишвар чунин иброз доштанд: “Таҷрибаи қабули Конститусия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо, бармало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад”. Яъне, ин нуктаҳои Сарвари давлат таҷассумгари он аст, ки маҳз самараи истиқлолияти комили сиёсӣ мебошад, ки таҷрибаи ҷаҳониро омӯхта, санади асосии худ-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии юридикӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, конститутсия принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда, барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст.

Имрӯз ба мо маълум гашт, ки бо гузашти чандин сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин санади олӣ асосҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам оварда, дахлнопазирӣ ва муттаҳидии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷиро муайян месозад. Қобили зикр аст, ки ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир дар Конститутсия таҷассум гардидааст ва он аз тарафи олимони соҳа ба сифати яке аз конститутсияҳои демократиасос шинохта шудааст. Зимнан, ин санади олӣ дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, ки боиси таҳсин ва хушнудии ҳар як шаҳрванди сарзамини кишварамон мебошад.

Бояд хотирнишон кард, ки Конститутсияи кишварамон ҷавобгӯйи манфиатҳои халқи тоҷик буда, тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозад. Яке аз арзишҳои муҳими Конститутсия дар он дида мешавад, ки он тавонист барои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, муносибатҳои гуногунро ба танзим дарорад. Махсусан, дар моддаи 9–и Конститутсия чунин омадааст: “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Мубрамияти моддаи мазкур дар он инъикос меёбад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои мутамаддин се шохаи ҳокимият амал мекунад ва ин мояи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарасту худогоҳи миллати мутамаддини мо мебошад.

Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии эътирофшудаи ҷомеаи башариро таҷассум менамояд ва барои эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона равона гардидааст. Имрӯз дар шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати риоя ва иҷрои меъёрҳои он равона созем, зеро ин амал нишондиҳандаи сатҳи баланди шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳамчунин масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, бояд ёдовар шуд, ки Конститутсия сарчашмаи ҳама муносибатҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, риояи он аз тарафи ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ арзёбӣ мегардад.

Муқаддас РУСТАМЗОДА,

нотариуси давлатии идораи нотариалии

давлатии шаҳри Истиқлол

Previous Post

ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТИИ КИШВАР

Next Post

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook