Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ҚАБУЛ ТО ИМРӮЗ — 31 СОЛ ДАР ХИДМАТИ ХАЛҚ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.11.2025
in Мақола
0
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ҚАБУЛ ТО ИМРӮЗ — 31 СОЛ ДАР ХИДМАТИ ХАЛҚ
0
SHARES
108
VIEWS
Share on Facebook

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 – уми ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, инак 31 сол ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз амал мекунад.

Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира, оянда масъул ва вазифадор дониста, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсияро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон намуд.

Яке аз нақшҳои асосии Конститутсия таъсири он ба низоми сиёсӣ мебошад. Конститутсия асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян кард, ки дар натиҷа низоми сиёсӣ устувор ва давлати миллии мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушду тараққӣ кард.

Конститутсия барои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ низ мусоидат кард. Мувофиқи он фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, кафолат дода шуд.

Инчунин, Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, дар тўли 31 сол барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овард.

Конститутсия механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо ва гурӯҳҳои осебпазирро танзим менамояд, ки ин ҳама муқаррарот ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ саҳми бузург дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар дар рушди қонунгузории миллӣ нақши муҳим дорад. Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, вазъи ҳуқуқии ҳокимияти қонунгузор, субъектони ташаббуси қонунгузорӣ ва зинаҳои (давраҳои) фаъолияти қонунгузорӣ муайян шудааст. Яъне, таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асос ва заминаи Конститутсия сурат гирифта, устувории низоми ҳуқуқи миллӣ таъмин ва низоми қонунгузории кишвар ташаккул ёфт.

Меъёрҳое, ки Конститутсия муқаррар кардааст, диққати олимон ва мутахассисони ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Зеро, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиши таҷрибаи байналхалқӣ, урфу одати мардуми тоҷик, бо дарназардошти арзишҳои миллии кишвар таҳия ва қабул гардид.

Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, соҳибихтиёр ва ягона эътироф карда шуд. Ҳамин аст, ки олимон ва мутахассисони ҷаҳонӣ ба он баҳои баланд медиҳанд. Агар мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар он оид ба тамоми соҳаҳои ҳуқуқи кишвар меъёр муқаррар шудааст. Мушоҳида намудани холигӣ дар Конститутсияи кишвара оид ба ин ё он соҳаи ҳуқуқ ғайриимкон аст.

Ба таври мушаххас ифоданамоии иродаи халқи тоҷик дар дебочаи Конститутсия воқеан ҳам арзиши ин санади ҳуқуқиро дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон эътироф намуд.

Мақоми беҳтаринро додан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки дар он иродаи халқи тоҷик мустаҳкам гардидааст. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимият аз они халқ аст ва халқ онро бевосита ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ мустаҳкам, пурра, пайдарҳам ба шумор рафта, дар танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши калон дорад.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёри конститутсионӣ водор месозад, ки қонунгузорӣ механизмҳо доир ба таъмини волоияти Конститутсия ва мутобиқати меъёрҳои қонунгузориро ба Конститутсия пешбинӣ намояд.

Якчанд аз механизмҳои мавҷударо доир ба таъмини волоияти Конститутсия инъикос менамоем:

1) Назорати конститутсионӣ — суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз болои мутобиқати қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия амалӣ менамояд. Агар Суди конститутсионӣ қонун ё санади меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия номутобиқ ҳисобад, онро беэътибор эълон менамояд.

2) Экспертизаи ҳуқуқӣ — пеш аз қабули қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ, онҳо аз экспертизаи ҳуқуқӣ бо мақсади мутобиқ будани онҳо бо Конститутсия мегузаранд. Ин имкон медиҳад, ки қонунҳо ё ин ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ қабул нагарданд.

3) Назорати судӣ — судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин назорати риояи қонунҳоро ба меъёрҳои Конститутсия амалӣ менамоянд. Агар суд муайян намояд, ки қонун ё муқаррароти он бо Конститутсия номувофиқ аст, метавонад дар бораи беэътибор донистани он ба Суди конститутсионї муроҷиат намояд.

4) Назорати парлумонӣ — парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки риояи қонунҳоро ба меъёрҳои Конститутсия назорат намояд. Агар қонун ба Конститутсия мувофиқат накунад, парлумон метавонад онро тағйир диҳад, бекор намояд ё ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намояд.

5) Назорати ҷамъиятӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, агар онҳо ҳисоб намоянд, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳо бо қонун ё санади меъёрии ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ поймол шудааст, ба Суди конститутсионї ё дигар маќомоти ваколатдор муроҷиат намоянд.

Ҳамаи ин механизмҳо имкон медиҳанд, ки раванди мутобиқнамоии меъёрҳои қонунгузорӣ ба Конститутсия таъмин ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз гардад. Яъне, мустаҳкамии меъёрҳои Конститутсия бартарафкунандаи тамоми камбудиҳои эҳтимолӣ дар қонунгузорист.

Дар баробари ин, зикр намудан ба маврид аст, ки меъёрҳои Конститутсия абстрактӣ набуда, балки воқеан дарҷгардида (меъёрҳои фаъол) мебошанд. Конститутсия на танҳо муносибатҳои ҷамъиятиро фаъолона танзим менамояд, балки ба таърихи навини давлат бевосита таъсир мегузорад.

Бинобар ин, бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик 26 — сентябри соли 1999, 22 – юми июни соли 2003 ва 22 – юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму устувор гардиданд.

Дар асоси  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол, муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонида шуд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд; ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид; асосҳои демократии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам шуданд; тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд; вазифаи давлат дар солимгардонӣ, инкишофи варзиши оммавӣ ва туризм мушаххас гардиданд.

Дар пайи тағйиру иловаҳо минбаъд шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас пешбинӣ карда шуда, падидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муқаррар гардид. Синни номзад ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб шудан ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон 30-солагӣ муқаррар гардида, як қатор тағйирот оид ба вазъи мақомоти судии кишвар, тағйиру иловаҳои техникию имлоӣ ворид карда шуданд.

Ҳамин тариқ, Конститутсия тули 31 соли амал дар ташаккули низоми сиёсӣ, тараққиёти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дар маҷмўъ, ба рушди давлати миллӣ наќши ҳалкунанда дошт ва дорад.

 

ИЗЗАТУЛЛО САИДЗОДА,

директори Маркази миллии қонунгузории

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

НАТИҶАИ НАЗАРРАСИ ДАЪВАТ ДАР ДАВОМИ ЯК МОҲ 

Next Post

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook