Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

КОМЁБИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТИРАНДОЗИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.10.2025
in Хабар
0
КОМЁБИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТИРАНДОЗИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
65
VIEWS
Share on Facebook

Дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе маросими истиқболи аъзоёни тими миллии варзишгарони риштаи тирандозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ-тирандозии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқу тамрин мекунанд, баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тирандоз санаи 20–21–уми октябри соли равон дар мусобиқаи байналмиллалии тирандозӣ, ки дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда буд, ширкат варзида, ба натиҷаҳои намоёни варзишӣ комёб гардиданд. Дар ин чорабинии варзишӣ варзишгарони Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон иштирок карда, миёни худ сабқат намуданд.

Узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Раҷабова аз намуди тирандозӣ аз туфангча мақоми дуюмро соҳиб гардид. Аз намуди туфанг бошад, Малика Лагутенко ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Варзишгарони муваффақро дар фурудгоҳ афсарони масъули Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дўстону пайвандони варзишгарон истиқбол гирифтанд.

Варзишгарони риштаи тирандозӣ, ки дар Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ-тирандозии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқу тамрин менамоянд, омодагии худро баҳри иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста тақвият медиҳанд.

Самараи ин талошҳост, ки онҳо  дар мусобиқаҳои байналмилалӣ  иштирок намуда, кишвари азизамонро ба таври шоиста намояндагӣ мекунанд ва шарафи варзишии ҷумҳуриамонро баланд мебардоранд.

Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои оинномавии фаъолияти  Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди варзиш, аз ҷумла варзиши тирандозӣ, ки намуди олимпии варзиш ба шумор меравад, ҳамчунин оммавӣ гардонидани варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба маҳфилу клубҳои варзишӣ маҳсуб меёбад.

Ҳадафи таъсиси маҳфилҳо ва толорҳои тирандозӣ дар  назди  Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, омода намудани наврасону ҷавонон тавассути ташкили маҳфилҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароиту имконоти лозимӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои  мухталифи варзиш ва рушди маҳорату малакаи варзишии онҳо ба шумор меравад.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ барои машқу тамрини варзишгарони намуди тирандозӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, бо ин роҳ дар омода намудани варзишгарону муваффақу парчамбардорони Ватан саҳмгузорӣ намояд.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ҲАРБИИ «БАРОДАРИИ ШИКАСТНОПАЗИР»-И КИШВАРҲОИ УЗВИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИРО ДАР ТАМРИНГОҲИ “ФАХРОБОД” БОМУВАФФАҚИЯТ ҶАМЪБАСТ НАМУД

Next Post

ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО НАМУД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО НАМУД

ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО НАМУД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook