Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир –терроризму экстремизм, киберҷиноятҳо ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Эмомалӣ Раҳмон
Таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, мубрам арзёбӣ гардида, иттилоот ба объекти махсус ҳифзшаванда табдил ёфтааст. Албатта марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ аз технологияҳои рақамӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Лозим ба ёдоварист, ки имрўз нақши технологияҳои рақамӣ дар ҳаёти шахс, ҷомеа ва давлат на танҳо афзудааст, балки қисман ба яке аз асосҳои рушд табдил ёфтааст. Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яке аз самтҳои муҳимми он, ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад, ки он барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ, мутаасифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор боз мондани корхонаю муссисаҳо, истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо талаботи рӯзмарра мегардад.
Ҳамлаҳои киберӣ дар самтҳои мухталифи ҷомеа аз ҷумла, дар муассисаҳои тандурустӣ, сохторҳои молиявӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣю дигар паҳлуҳои гуногуни ҷомеа таҳдиди бузрг дорад. Маврид ба зикри хос аст, ки дар миёнаи асри XXІ, захираҳои иттилоотӣ ба сарвати миллӣ табдил ёфта, самаранокии истифодаи онҳо қудрати иқтисодии ҳар як кишварро муайян карда, ин гуна ҷиноятҳо, натанҳо ба амияти миллии ҳар як давлат, балки масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳолиро, низ таҳти хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.
Яке аз навъҳои муосири терроризм, ки дар фазои маҷозӣ содир мешаванд, кибертерроризм ба ҳисоб меравад. Истилоҳи «кибертерроризм» миёнаи солҳои 1980-ум аз ҷониби ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи амният ва истихбороти Амрико Барри Коллин ҷорӣ шудааст, ки ӯ амалҳои террористиро дар фазои маҷозӣ қайд кардааст. Худи истилоҳи «кибертерроризм» бо омезиши ду мафҳум: «кибер» (фазо маҷозӣ) ва «терроризм» ташаккул ёфтааст. Дар адабиётҳои илмӣ аксар вақт мафҳумҳои «фазои маҷозӣ» ва «ҷаҳони маҷозӣ» истифода мешаванд. Муайян кардани мафҳуми «кибертерроризм» кори хеле душвор аст, зеро муқаррар кардани сарҳади дақиқ барои фарқ кардани он аз ҷанги иттилоотӣ ва ҷиноятҳои иттилоотӣ осон нест. Мушкилии дигар дар он аст, ки бояд мушаххасоти маҳз ин шакли терроризмро ҷудо кард. Кибертерроризмро метавон ба истилоҳ ба навъҳои технологии терроризм мансуб донист.
Коршиноси маъруф Д. Деннинг кибертерроризмро ҳамчун «ҳамлаи ғайриқонунӣ ё таҳдиди ҳамла ба компютерҳо, шабакаҳо ва ё иттилооти дар онҳо мавҷудбуда, ки бо мақсади маҷбур кардани мақомоти давлатӣ барои мусоидат дар расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё иҷтимоӣ анҷом дода мешавад» муайян мекунад. Дар воқеъ кибертерроризмро ҳамчун ҳамлаи барқасдона ба иттилооте, ки тавассути компютер, низоми кори компютерӣ ё шабака коркард мешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон хатар ё дигар оқибатҳои вазнин меорад, агар ин амалҳо бо мақсади вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё иғвои ҷанги ҳарбӣ содир шуда бошанд, метавон тавсиф намуд.
Аз мафҳумҳои ишорашуда хусусиятҳои кибертерроризмро метавон чунин тасниф намуд:
– алоқаманд намудани истифодаи низоми иттилоотӣ тавассути қаллобӣ ё сӯиистифодаи зӯроварии ҷисмонии хоси терроризм;
– қасдан сӯиистифода аз низоми иттилоотии рақамӣ, шабакаҳо ё ҷузъҳои ин низомҳо ё шабакаҳо бо мақсадҳое, ки ба амалӣ намудани амалиётҳо ё актҳои террористӣ мусоидат мекунанд.
Кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст ва ин намуди аслиҳа, яъне кибертерроризм бо сабаби нав буданаш то ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст.
Олимони ватанӣ низ, андешаи дар боло зикргардидаро ҷонибдори намуда қайд менамоянд, ки дар зери мафҳуми «кибертерроризм» ҳаракате фаҳмида мешавад, ки бо тезташкилии системаҳои иттилоотӣ ва тавассути он таҳдид ба ҳаёти одамон, расонидани зарари калон ё дигар ҳаракатҳои ба ин монанд, вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, таъсир расонидан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки бо чунин мақсад содир карда мешаванд, фаҳмида мешавад. Хусусияти хоси кибертерроризм ва фарқияти вай аз киберҷинояткорӣ дар он аст, ки вай кушоду равшан ва васеъ паҳн карда мешавад. Дар робита ба ин дараҷаи таҳдиди он аз ҷиҳати нав буданаш то охир дарк ва омӯхта нашудааст. Таҷрибае, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт дорад, исбот менамояд, ки ҳамаи давлатҳои дунё дар пеши роҳи он бе таъмини амниятанд, ин бо он ҳолат асоснок карда мешвад, ки, кибертерроризм ҳудуд ва сарҳадҳои давлатӣ надорад. Кибертеррорист метавонад таҳдидашро ба ҳама системаҳои давлатҳои дар қитъаҳои гуногуни курраи замин воқеъбуда расонад.
Имрӯз кибертерроризм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз хатарноктарин навъҳои ҷиноят ба шумор меравад. Ҳамлаҳои киберӣ метавонанд дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва ҳатто байналмилалӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Зеро ҳамлаҳои киберӣ нисбат ба ҷамъоварии маълумоти ғайрифаъол, ҳадафҳои ҷиддитарро дунбола карда метавонанд ва объектҳои кибертерроризм бошанд, метавонанд маълумоти молиявӣ ва махфӣ, таҷҳизоти идоракунии асбобҳои кайҳонӣ, нерӯгоҳҳои атомӣ, комплексҳои ҳарбӣ ва ғайра бошанд.
Кибертерроризм одатан истисмори барқасдонаи шабакаҳои компютерӣ бо мақсади оғози ҳамла фаҳмида мешавад. Чунин ҳамлаҳо маъмулан барои вайрон намудани кори дурусти ҳадафҳо, аз қабили низомҳои компютерӣ, серверҳо ё инфрасохтори асоси онҳоро ташкил мекарда, тавассути ҳамлаҳои хакерӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, вирусҳои компютерӣ, барномаҳои зараровар, боркунӣ ва дигар воситаҳои дастрасии беиҷозат ё зараровар анҷом дода мешаванд.
Аз ин лиҳоз хурду бузурги Ватани кӯҳанбунёдамонро зарур аст, ки вазифаҳои бардӯшдошта ва рисолати муқаддаси хеш, яъне ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва зиндагии орому осудаи халқи азизи кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро намоянд.
Аваз Назаров,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор
Комрон Давлатзода,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсент