Технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонӣ на танҳо воситаи асосии баланд бардоштани истеҳсолот, балки калиди асосии рақобатпазирӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун василаи ҳавасмандгардонӣ ва муттаҳидсозии мардум амал мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти сулҳ, субот ва ҳамкории ҳамагонӣ таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз тадбирҳои муҳим ва стратегӣ барои рушди устувори Тоҷикистон аст. Ин иқдом на танҳо барои тақвият бахшидани инфрасохтор ва соҳаҳои иқтисодӣ, балки барои тағйирот дар тарзи кор ва истеҳсолот низ равона шудааст. Тадбири муҳим дар шомил кардани ҳадафҳои илмӣ ва маърифати технологӣ, ба таври хос равона карда шуд, ки ҳама бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, саноат ва хизматрасонӣ, бо истифодаи методҳои муосир ва рақамикунонии системаҳо рушд кунанд.
Иқтисоди рақамӣ маънои истифодаи технологияҳои навинро дар тамоми бахшҳои ҳаёт-аз истеҳсолот то идоракунии давлатӣ дорад. Барои татбиқи ин ҳадаф, Тоҷикистон бояд инфрасохторҳои рақамӣ, монанди интеренти баландсуръат, шабакаҳои коммуникатсионӣ ва низомҳои электрониро густариш диҳад. Ҳамзамон, зарурати тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, ки қодиранд бо технологияи нав кор кунанд, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Эълони ин солҳо барои ҳамкории амиқтар бо кишварҳои дигар ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҳам имконият фароҳам меорад.
Саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад. Рақамикунонӣ метавонад ин равандро бо роҳи автоматӣ ва оптимизатсияи истеҳсолот суръат бахшад. Инчунин, ба кор андохтани платформаҳои электронии тиҷорат ва низомҳои пардохти рақамӣ метавонад иқтисоди кишварро бештар самаранок созад.
Иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки равандҳои иқтисодӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа соддатар ва самараноктар гарданд. Дар солҳои охир, Тоҷикистон дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ пешравиҳои назаррасро нишон дод. Масалан, татбиқи платформаҳои электронии давлатӣ ба монанди системаи “Ҳукумати электронӣ” имкон медиҳад, шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ ба таври онлайн дастрасӣ пайдо кунанд. Ин раванд на танҳо хароҷот ва вақти шаҳрвандонро сарфа мекунад, балки сатҳи шаффофияти идоракуниро низ баланд мебардорад. Дар натиҷа, эътимоди мардум ба идоракунии давлатӣ меафзояд, ки ин як омили муҳим барои рушди устувор мебошад.
Дар баробари ин, инноватсияҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, махсусан дар кишоварзӣ, ки яке аз бахшҳои асосии иқтисоди кишвар аст, истифодаи технологияҳои пешрафта ба монанди системаҳои обёрии интеллектуалӣ ва сенсорҳои рақамӣ метавонад истифодаи захираҳои обиро самараноктар гардонад ва ҳосилнокиро афзоиш диҳад. Ин технологияҳо ба деҳқонон имконият медиҳанд, ки равандҳои истеҳсолотро назорат ва идора кунанд ва дар баробари ин хароҷоти худро кам намоянд. Дар бахши саноат, татбиқи инноватсияҳо дар истеҳсолот имкон медиҳад, ки рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ зиёд шавад. Истифодаи технологияҳои блокчейн дар тиҷорат ва содирот низ метавонад шаффофият ва эътимодро дар равандҳои иқтисодӣ таъмин намояд.
Дар Паёми навабатии худ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид карданд, ки рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти фарҳанги меҳнат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастгирии технологияи навин аз вазифаҳои ҳар як шаҳрванд мебошад. Барои иҷрои ин ҳадафҳо, мо метавонем саҳмгузор бошем.
Аввалан, ҳар як шахс бояд ба кори худ масъулиятшиносона муносибат кунад ва кушиш намояд, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои баланд ба даст орад. Новобаста аз соҳае, ки фаъолият мекунем, аз кишоварзӣ то маориф, саҳми ҳар як шахс муҳим аст. Меҳнатдӯстӣ ва ҳунаромӯзӣ асоси пешрафти кишвар мебошад.
Ҳар як шахс метавонад барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои худ талош намояд ва кушиш кунад, ки технологияҳои муосирро дар ҳаёт ва кор татбиқ намояд.
Барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини ягонагии миллат, мо бояд фарҳанг, забон ва таърихи худро эҳтиром кунем. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ барои ҳар як шахс масъулияти муҳим мебошад.
Ҳар як қадами мо ба сӯи беҳбудӣ, ҳар як меҳнати мо ба нафъи ҷомеа ва ҳар як кушиши мо барои рушди илм, фарҳанг ва иқтисодиёти кишвар-саҳме дар таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Нигора АҲМАДБЕКОВА,
омӯзгори Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон