Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.05.2024
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ
0
SHARES
128
VIEWS
Share on Facebook

28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба муносибати санаи таърихӣ ва Рӯзи сарҳадбонон табрику таҳният гуфтанд.

“Мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ иброз намоям, ки дар тӯли сӣ соли сипаришуда марзбонони мо қарзи фарзандии худро дар ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан-Модар ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо шуҷоату далерӣ иҷро намуда, ин рисолати хешро ҷавонмардона идома дода истодаанд” -изҳор доштанд Сарвари давлат.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корнамоию ҷоннисории фарзандони шуҷоъи тоҷик, мисли Муқаннаъ, Шерак, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳову садҳо нафари дигар, ки дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуданд.

Ба андешаи Президенти кишвар — ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз азал дар тору пуди миллати сарбаланди мо сиришта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даврони ниҳоят ҳассосу мураккаби таърихи навини кишвар андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо аз аввали рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз ҳамчун сохтори муназзаму муҷаҳҳаз дар хатти пеши муқовимату мубориза бар зидди қочоқи силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ қарор доранд.

Таъкид гардид, ки бо дарки аҳаммияти махсуси неруҳои сарҳадбон Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз оғози таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ доир ба фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду навсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ ва омодасозии мутахассисони касбӣ тадбирҳои зиёде амалӣ намуд.

Имрӯзҳо барои марзбонон тамоми шароити мусоиди пеш бурдани хизмат, машқу таҳсил, зиндагӣ, истироҳат ва варзиш муҳайё мебошад. Дар ин самт саҳми соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ҳам бисёр арзишманд арзёбӣ карда шуд.

Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ сол ба сол беҳтар ва маблағгузорӣ ба ин мақсад мунтазам зиёд мешавад.

Давлат ва Ҳукумати кишвар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро барои ҷасорату ҷоннисориҳояшон ҳамеша бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ сарфароз мегардонад.

Бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмат, омода кардани кадрҳои ҷавон ва таъмини ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти махсус мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадор карда шуданд, ки корро дар самти мукаммал гардонидани ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо кадрҳои баландихтисос боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар вазъияти печидаи ҷаҳони имрӯза масъулияти ҳамаи сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, марзбонон даҳчанд меафзояд. Онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд ва омодагии худро ҳамеша дар сатҳи баланд нигоҳ доранд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар бо эътимоди комил иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ садоқати худро ба Ватан-Модар бо хизмати шоиста, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҳушёрӣ, ҷасорату далерӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат собит менамоянд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик, ки таҷассумгари дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад, идома ёфт.

prezident.tj

Previous Post

СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ

Next Post

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛӢ ДОРАНД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛӢ ДОРАНД

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛӢ ДОРАНД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook