Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ МУАССИСИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.04.2026
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ МУАССИСИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ
0
SHARES
20
VIEWS
Share on Facebook

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки аз замони таъсиси Фонд, Тоҷикистон онро ҳамчун механизми муҳими ҳамкории бисёрҷониба байни кишварҳои минтақа дар масъалаҳои идораи захираҳои об ва экология эътироф намудааст.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои бузурги экологӣ дар минтақа, аз ҷумла фоҷиаи баҳри Арал, аз мо тадбирҳои минбаъади муштаракро талаб менамояд.

Гуфта шуд, ки дар давоми давраи гузашта, мо дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба твшвккули майдони фарох барои муҳокимаи озоди масъалаҳои марбут ба ин буҳрон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилот муваффақ шудем.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо талошҳои муштарак ва бо дастгирии шарикони байналмилалӣ, дар кишварҳои мо лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди минтақавӣ дар идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист татбиқ гардиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯ ба рӯ шудан бо хатарҳо ва мушкилоти ҷиддии дорои хусусияти экологӣ дар минтақа ёдовар шуда, обшавии босуръати пиряхҳо, таназзули низомҳои экологӣ ва офатҳои табиии гуногуни вобаста ба обро аз ҷумлаи онҳо номиданд.

Хокборишҳо, ки дар солҳои охир ба зуҳуроти бисёр маъмул табдил ёфтаанд, махсус таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки хокборишҳо ҳам ба саломатии аҳолӣ ва ҳам ба пиряхҳо – манбаи асосии оби нӯшокӣ ва заминҳои кишоварзӣ – манбаи асосии даромади аксари аҳолии кишварҳои минтақа, таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар робита ба ин даъват карда шуд, ки барои бартараф намудани оқибатҳои манфии ин зуҳурот чораҳои муштараки қатъӣ андешида шавад.

“Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он то 60 фоизи ҷараёни дарёҳои минтақа, манбаи асосии оби тоза, ташаккул меёбад, оқибатҳои ин офатҳоро башиддат эҳсос менамояд”, — изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид шуд, ки афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёдшавии истеъмоли об дар ҳама бахшҳои иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо тағирёбии иқлим ба захираҳои об фишори назаррас меорад. Ин омилҳо мустақиман ба суботи энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ дар минтақа таъсир мерасонад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар чунин шароит, бояд ба истифодаи самараноки механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар масъалаҳои захираҳои об дар Осиёи Марказӣ афзалияти хосса дода шавад.

Сарвари давлати мо мутобиқсозии Фондро ба воқеияти замон барои таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи баҳри Арал муҳим шумурданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон пайваста ҷонибдори такмили сохтории ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии Фонд бо мақсади бахшидани самаранокии бештар ба фаъолияти он мебошад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар чаҳорчӯби Фонди байналмилалии наҷоти Арал Комиссияи байнидавлатии энергетикии Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Тавре зикр гардид, масъалаҳои вобаста ба об дар саросари ҷаҳон афзалиятнок ва хеле ҳассос боқӣ мемонанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва механизмҳои ҳамкорие, ки мо таъсис додаем, намунаи мусбати истифодаи муштараки захираҳои обиро нишон медиҳанд.

“Бо назардошти мушкилоти дар боло гуфташуда ва рушди технологияи нав, мо бояд тадбирҳои истифодаи маҷмӯӣ ва оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи онро пурзӯр намоем”, — таъкид карданд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар робита ба ин, тезонидани татбиқи технологияҳои нави сарфакунандаи об ва энергия дар соҳаи кишоварзӣ, бахши коммуналӣ ва саноат, тайёр кардани насли нави мутахассисон, тавсеаи мубодилаи академикӣ ва таҳқиқоти муштараки илмию амалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи об аз вазифаҳои аввалиндараҷа номида шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешбурди масъалаҳои рӯзномаи ҷаҳонии об ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имсол, ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар охири моҳи май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор мегардад.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласа даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ин конфронси сатҳи баланд ширкат варзанд.

president.tj

Previous Post

ИШТИРОК ДАР САММИТИ МИНТАҚАВИИ ЭКОЛОГӢ ДАР МАВЗУИ «ДИДИ МУШТАРАК БАРОИ ОЯНДАИ УСТУВОР»

Next Post

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

16.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

15.05.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

14.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

14.05.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook