Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.07.2025
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)
0
SHARES
17
VIEWS
Share on Facebook

4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва баргузор кардани ҳамоиш арзи сипос намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.

Зимнан ба густариши ҳамкорӣ дар доираи ЭКО дар бахшҳои тиҷорату нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ чун шарти муҳими таъмини рушди устувор дар минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар робита ба ин, зарур шумурда шуд, ки Котиботи Созмон дар баробари таҳлилу баррасии натиҷаҳои иҷрои санади “Чашмандози ЭКО-2025”, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо санади дигареро, ки ба истифодаи комили зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ равона шудааст, таҳия намояд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, рушди иқтисоди кишварҳои аъзои Созмон ба таври умум тамоюли мусбатро нигоҳ медорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳаҷми тиҷорати миёни кишварҳои аъзо, изҳори андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳиссаи он дар соли 2024 ба 33 фоизи ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баробар буда, нисбат ба як соли пеш 18 фоиз зиёд аст.

Дар ин самт рушди робитаҳои нақлиётӣ ва долонҳои нақлиётии гуногунвосита муҳим дониста шуд.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, соддагардонии транзит, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзо таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт, ҷиҳати рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода шавад.

Ба андешаи Роҳбари давлати мо, чунин тадбир ба тавсеаи тиҷорат ва таъмини бехатарии он, ҳамчунин, сарфаи вақт ва афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои рушду густариш ва тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои афзалиятноки энергетика, аз ҷумла истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз” ҷалб намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи пурраи тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи КАСА-1000-ро барои кишварҳои иштирокдори он муҳим ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи ЭКО-ро ба манфиати кор номиданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ҷонибдории Тоҷикистонро аз тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ, баён намуданд. Зарур шумурда шуд, ки маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус миёна ва хурд дастгирӣ ва афзоиш дода шавад, зеро ин иқдом, бешубҳа, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолот, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ мусоидат хоҳад кард.

Таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнологияҳо, ташаккули кишоварзии “зеҳнӣ” ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ самти дигари ҳамкории самаранок номида шуд.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим таъкид гардид, ки кишварҳои аъзои ЭКО дар баробари таъсири манфии оқибатҳои он ҳамоно осебпазир боқӣ мемонанд. Зуҳуроти селу обхезӣ, ярч, тарма ва дигар офатҳои табиӣ, ки ҳамасола ба иқтисоди кишварҳои аъзои Созмон зарари зиёд мерасонанд, дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки дар доираи Созмон барои коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва таҳдиди офатҳои табиӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар доираи барномаҳои ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии низоми экологӣ ва мубодилаи таҷрибаву технологияҳо дар ин соҳаҳо ба манфиати кор дониста шуд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳавасманди идомаи таҳкими робитаҳои судманди фарҳангиву гуманитарӣ дар чорчӯби ЭКО мебошад. Дар ин зимн салоҳ дониста шуд, ки ба ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ такони тоза бахшида шавад.

Аз вазъи имрӯзаи мураккаби ҷаҳон ва шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки кишвари мо ҷонибдори коҳиши шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки натиҷаи нишасти имрӯза ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ такони муассир хоҳад бахшид.

president.tj

Previous Post

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook