Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ “ДУШАНБЕ ИНВЕСТ — 2025”

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.10.2025
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ “ДУШАНБЕ ИНВЕСТ — 2025”
0
SHARES
13
VIEWS
Share on Facebook

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокдорони форумро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии ҳамоиш ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” баргузор карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистон дар маркази Авруосиё ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари минтақаҳо ва қитъаҳо баромад карда, долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд, таъсис диҳем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ мебошад”.

Зикр карда шуд, ки таи солҳои охир кишвари мо ислоҳоти фарогир ба таҳкими уствории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ нигаронидаро амалӣ менамояд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳими стратегӣ, сармояи инсонии ҷавон ва пурнеруро аз афзалиятҳои рақобатпазири кишвари мо номиданд.

Оид ба зарурати таваҷҷуҳ ба рушди иқтисоди сабз ва қабули Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 низ андешаронӣ сурат гирифт.

Бо ба назар гирифтани имконияту иқтидорҳои соҳаи энергетика ба ширкатҳои манфиатдор лоиҳаҳои ояндадори ин бахш барои сармоягузорӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, аз сармоягузороне, ки дар самти истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, барои саҳм гузоштан дар амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёси ин соҳаҳо истиқбол карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи иштирокдорони форум имкониятҳои дигари сармоягузории кишвар, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, комплекси агросаноатӣ ва соҳаи сайёҳиро муаррифӣ намуданд.

“Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110-тои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъолияти тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорон созгор номиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад, ки ба ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад.

Бо истифода аз фурсат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳибкоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва барору муваффақиятҳо орзу намуданд.

Дар фарҷоми сухан Роҳбари давлат изҳори итминон намуданд, ки Форум ба оғози ташаббусҳои нави судманд замина гузошта, ҳамкориро таҳким мебахшад ва барои мардумони кишварҳо ва тараққиёти ҷаҳон натиҷаҳои намоён медиҳад.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025”, ҳамчунин, Султон Раҳимзода — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арипов Абдулло — Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Скляр Роман — муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз — Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилан, Малайзия, Татяна Молчан — Муовини котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Сайид Али Маданизаде — Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ — Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуданд.

president.tj

Previous Post

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ МИНТАҚАВИИ «БИРЛИК-2025»

Next Post

МУЛОҚОТ БО КОТИБИ ИҶРОИЯИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДИИ СММ БАРОИ АВРУПО ТАТЯНА МОЛЧАН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО КОТИБИ ИҶРОИЯИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДИИ СММ БАРОИ АВРУПО ТАТЯНА МОЛЧАН

МУЛОҚОТ БО КОТИБИ ИҶРОИЯИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДИИ СММ БАРОИ АВРУПО ТАТЯНА МОЛЧАН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook