Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.03.2026
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
0
SHARES
17
VIEWS
Share on Facebook

 

21 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.

Макони баргузории чорабинии наврӯзӣ — Наврӯзгоҳ бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ идона оро ёфта буд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷамъомадагони сершумори барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, иштирокдорони чорабинӣ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият буда, рамзи бедоршавии табиат, саршавии соли нав ва зиндагии нав, покиву болидагии рӯҳу андеша ва таҳкиму густариши арзишҳои инсондӯстонаву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнро аз ҷумлаи ойинҳои бисёр деринае маънидод намуданд, ки дар он фалсафаи зиндагӣ, мактаби худшиносӣ ва таърихи фарҳангу тамаддуни ниёгони ориёии мо инъикос ёфтааст.

Роҳбари давлат саҳми гузаштагони некноми моро дар ҳифзи ин мероси муқаддас чун сарвати бебаҳои миллӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

“Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза Наврӯз пули дӯстӣ миёни мардумон, омили сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва намунаи ҳамзистии тамаддунҳо гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намудааст”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дарназардошти ҷойгоҳу аҳаммияти ин ойини дерина Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвари маҳбубамон — шаҳри Душанбе ёдовар шуданд.

Ба андешаи Пешвои миллат ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи фарҳанги миллат мебошад.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки соли 2025 аз тарафи Кумитаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО яке аз суннатҳои арзишманди дигари ҷашни Наврӯз — номинатсияи миллии Тоҷикистон бо номи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси ин созмони бонуфуз ворид гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо вазифадорем суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем, арзишҳояшро омӯзем, густариш диҳем ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузорем.

Ба ҷавонон муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои ҷовидонии миллати худ ҳидоят намуданд.

Гуфта шуд, ки имсол Наврӯз дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддас ва бузурги 35-солагии истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад ва мардуми кишварро зарур аст, то дучанд кор карда, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ нақшаҳои созандаи худро ҳатман амалӣ месозанд, ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил мегарданд ва Тоҷикистони азизамонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта ва пойтахти он шаҳри Душанберо ба ойинаи ҳақиқии давлати тоҷикон табдил медиҳанд.

Пас аз суханронии табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идонаи консертӣ оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки сол то сол бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари кишвар шукуҳи тоза касб мекунад.

Дар тадбири фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд. Ҳунарнамоии овозхонҳои ҷавону соҳибистеъдоди жанри эстрадӣ ва халқӣ, ки бахшҳои тантанаҳои ҷашниро ташкил медод, ба чорабинӣ ҷилои хоса бахшид.

Мақсади асосии таҷлили сатҳи баланд ва ҳадафманди Наврӯзи байналмилалӣ ин гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик мебошад.

president.tj

Previous Post

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ АЗ НОМИ ЯК ҚАТОР САРОНИ ДАВЛАТҲО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ 2026 ДАР НАВРӮЗГОҲИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ 2026 ДАР НАВРӮЗГОҲИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ 2026 ДАР НАВРӮЗГОҲИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

11.04.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.04.2026
ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

03.04.2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

02.04.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook