Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.09.2026
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
0
SHARES
62
VIEWS
Share on Facebook

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт. Хусусан, солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд.

Гуфта шуд, ки дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ кардани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз нақши барҷастаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният махсус таъкид намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир аз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисси масъулияти баландро тақозо намуданд.

Таъкид гардид, ки риояи қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва мардуми Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паради ҳарбиро рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва мардуми кишвар маънидод намуданд.

“Таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияту суботи давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистонро чун сипари боэътимод ҳимоя карда, ба эҳтирому ифтихори шаҳрвандони мамлакат сазовор гардидаанд”, — иброз доштанд Роҳбари давлат.

Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори мардуми Тоҷикистон минбаъд низ вазифаҳои худро содиқона, бо масъулияти баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро хоҳанд кард.

Баҳри иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35 — умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занону бонувони низомӣ, собиқадорони сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо фарогирии беш аз 27 ҳазор нафар, бо рӯҳияи ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, садоқат ба халқу Ватан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат дар майдони Истиқлоли пойтахт, саф ороста буданд.

Ҳайати шахсии иштирокдори ин гузашти тантанавори ҳарбӣ бо арзи эҳтиром ва тибқи қоидаҳои низомӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ пазироӣ намуданд.

Аз омодагии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар гарнизони Душанбе ва иштироки онҳо дар ин гузашти низомӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Собирзода Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати 35 — умин солгарди ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфтанд.

Гузашти низомӣ бо амри фармондеҳи Паради ҳарбӣ, сардори гарнизони Душанбе генерал — майор Шокирзода Ҳусейн оғоз гардид.

Дар оғози гузашти низомии ин Паради бузурги ҳарбӣ дар таърихи давлатдории мустақили миллӣ, парчамбардорони ротаи қаровули фахрии Вазорати мудофиа бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ба майдони Паради ҳарбӣ рамзи соҳибистиқлолии кишвари азизамон — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ворид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ, ҳангоми қабул гардидани он ва бо эҳтироми хоса арҷ гузоштани Пешвои миллат ба ин муқаддасоти давлатӣ оғоз гардидааст. Он ифодагари таърихи пуршараф, имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқат ба Ватанро бедор менамояд.

Сипас, зери навои мусиқии тантанавии оркестри муттаҳидаи ҳарбӣ ва бо роҳбаладии парчамбардорон гузашти мутантани низомӣ оғоз ёфт.  Қадамҳои далеронаву ҷасуронаи афсарону сарбозон, маҳорати баланди сафороиву қадамзанӣ ва омодагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои иштирокдор дар майдони гузашти низомӣ аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.

Паради ҳарбӣ, ки бо тантанаву шукуҳи хоси ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир карда шуд, он таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиёни мо ба марзу буми аҷдодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шостаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин чорабинии пуршукуҳ бори дигар нишон дод, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти қудратӣ ба шумор меравад.

Дар чорабинии муҳимими сиёсии гузашти Паради ҳарбӣ роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ташкил ва дар сатҳи баланди омодагии низомӣ доир намудани Паради ҳарбӣ ба шарафи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам собит месозад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси ҷомеа барои ҳимоя аз Ватан, ҳифзи суботу оромии кишвар, дастовардҳои Истиқлолият ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум дар ин сарзамини биҳиштманзар доимо омода мебошанд. Онҳо, савганди садоқату вафодории хешро ҳамеша ба халқу Ватан ва Пешвои миллат пос медоранд.

president.tj

Previous Post

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

14.10.2026
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

14.10.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook