Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ БА ВАТАН БАРГАРДОНДАНИ МУШТИ ХОКИ ОРОМГОҲИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.05.2026
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ БА ВАТАН БАРГАРДОНДАНИ МУШТИ ХОКИ ОРОМГОҲИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛӢ
0
SHARES
41
VIEWS
Share on Facebook

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷасати фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.

Ба поси гиромидошт аз истиқболи хоки оромгоҳи фарзандони баруманди миллат, саҳни фурудгоҳ оро дода шуда, сарбозони Қаровули фахрӣ дар ду ҷониби роҳрави бо қолини сурх густурда саф оростанд.

Дар фазои мутантани эҳтиром ва шоистагӣ, пас аз гузориши шахсони масъул ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарбозони Қаровули фахрӣ қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистонро, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, бо эҳтироми хос аз ҳавопаймо поин оварда, бо қадамзании мутантани маросимӣ ба майдони фурудгоҳ интиқол доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.

Воқеъан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.

Ин иқдоми наҷибона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Сипас, ҳайати ин маросими таърихӣ бо ҳамроҳии дастаи роҳнамои мотосиклронҳо ба сӯи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд.

Пас аз маросими ҷаноза, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода мешавад.

Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Кунун ин қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз — кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ мешаванд. Ин иқдом, бешак, боиси оромиши руҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромуш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад.

Бешубҳа, ин арҷгузорӣ ва ин қадршиносӣ аз фарзандони сарсупурдаи тоҷикони сарфароз ба номи Пешвои маҳбуб, Сарвару Раҳнамои пурҳикмати миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад.

 

 

Previous Post

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ ХОКИ РАМЗӢ АЗ МАҲАЛЛИ ДАФНИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА НИСОР МУҲАММАД

Next Post

МАРОСИМИ ҶАНОЗА ВА ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГУЗОШТАНИ ҚИСМАТЕ АЗ ХОКИ ГӮРИ ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИВУ ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАРОСИМИ ҶАНОЗА ВА ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГУЗОШТАНИ ҚИСМАТЕ АЗ ХОКИ ГӮРИ ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИВУ ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

МАРОСИМИ ҶАНОЗА ВА ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГУЗОШТАНИ ҚИСМАТЕ АЗ ХОКИ ГӮРИ ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХИВУ ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2026

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2026

12.06.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБӢ ДАР ҶАМЪБАСТИ МАЪРАКАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛИ 2026

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБӢ ДАР ҶАМЪБАСТИ МАЪРАКАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛИ 2026

11.06.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

11.06.2026
САНҶИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ВА МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

САНҶИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ВА МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

11.06.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook