Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.03.2025
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
0
SHARES
110
VIEWS
Share on Facebook

19-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2-юми марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.

Дар оғози иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Аз ҷониби вакилон регламент тасдиқ, тартиби баргузории иҷлосия ва инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Идизода Файзалӣ интихоб карда шуд.

Пас аз ин Котиботи иҷлосия, Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.

Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, рақами 13 Мавсума Муинӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 -Хоруғ Гиёзода Азиз интихоб гардиданд.

Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, пеш аз ҳама вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки вакилон бояд тамоми кӯшишу талош ва донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки ба эътимоди мардуми кишвар сазовор бошанд.

Роҳбари давлат аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 2-юми марти соли ҷорӣ дар фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид, изҳори қаноат намуданд.

Аз вакилон талаб карда шуд, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаву сохтмон ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парламенти даъвати нав 18 нафар бонувон интихоб шуданд ва ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши қонунгузориро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, талаб карданд, ки фаъолияти парламенти Тоҷикистон дар ин самт боз ҳам тақвият дода шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мақоми қонунгузор ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, хусусан, бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ вусъат бахшад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияту афзалияти қабули барномаву стратегияҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки барои иҷрои босифату саривақтии Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шаванд.

Пешвои миллат ба вакилони Маҷлиси намояндагон дастур доданд, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Зикр гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Аз ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба пешбурди масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, Сарвари давлат зарур донистанд, ки парламент дар ин самт саҳми босамари худро гузорад.

Густариши ҳамкории вакилони мардумӣ бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ-ҳокимияти иҷроия ва судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, интихобкунандагон амри муҳим дониста шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват намуданд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.

Зарурати иштироки фаъоли вакилон дар раванди омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии истиқлоли давлатӣ таъкид карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз намуданд, ки вакилон вазифаи дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншудаи худро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ мекунанд.

prezident.tj

Previous Post

ОМОДАГИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОР БА МУДОФИАИ ДАВЛАТ

Next Post

САНҶИШИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САНҶИШИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ

САНҶИШИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook