Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИШТИРОК ДАР ВОХӮРИИ ҲАФТУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.11.2025
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ВОХӮРИИ ҲАФТУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
0
SHARES
23
VIEWS
Share on Facebook

16 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии гарм ва ташкили вохӯрӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Илҳом Алиевро ба муносибати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва мавқеи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад.

“Дар ин зимн муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва мо тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебарем”, изҳор доштанд дар робита ба ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо натиҷаҳои дар гузашта бадастомадаро заминаи мусоид барои густариши маҷмӯи ҳамкории судманд арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии  баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад.

Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мувофиқаҳои бадастомада, ки дар Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ-2040” инъикос ёфтааст, заминаи мустаҳкам барои расидан ба ин аҳдоф фароҳам меоранд.

Оид ба аҳамияти қабули Консепсияи таъмини амният, субот ва рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки ин санад барои таъмини амну субот, тақвияти  робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаи мо нигаронида шудаанд, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки ин тамоюли созанда ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори минтақаи худро ба манфиати наслҳои оянда самаранок истифода намоем.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиро заминаи устувори оянда номида, зарур шумурданд, ки иқтисоди минтақавӣ тавассути ҳамкорӣ ва навовариҳо густариш дода шавад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда зарур аст.

Дар ин робита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад.

Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа зарур шумурда шуд.

Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ба андешаи Сарвари давлати мо вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд.

Бо истифода аз фурсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, изҳори сипос намуданд.

Илова бар ин, гуфта шуд, ки таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электронӣ, ки имрӯз ба нерӯи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфтааст, мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус на танҳо ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки ба афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани амнияти минтақавии устуворро яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ номиданд, зеро таҳдидҳои терроризм, экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир нигаронкунанда боқӣ мемонанд.

Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори сохторҳо ва идораҳои дахлдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Рушди мунтазами ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии касбии кадрҳо ва коршиносон барои бахши амният яке аз унсурҳои муҳими муқовимати муносиб бо таҳдидҳои нав номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо назардошти афзоиши таҳдидҳои киберӣ, тақвияти чораҳои муштарак бо истифода аз технологияҳои пешрафта зарур аст.

Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бо мундариҷаи нав ғанӣ сохтани равандҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати рушди ҳамкорӣ дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузург барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани обурую нуфзи минтақа аз мероси ғании фарҳангию таърихӣ бояд васеъ истифода намоем.

Масъалаи экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд, зеро тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва хокборишҳои тӯлонӣ ба амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд.

Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шукуфоии ояндаи Осиёи Марказӣ ба ҳамкории зич вобаста мебошад, ки пеш аз ҳама ба беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон равона шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Изҳороти муштарак ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расид.

Дар фароварди ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз номи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

president.tj

Previous Post

БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

Next Post

РАВАНДИ БОМАРОМИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РАВАНДИ БОМАРОМИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

РАВАНДИ БОМАРОМИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

05.12.2025
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook