Аз 15 то 17 сентябри соли 2026 дар Маркази байналмилалии конфронсҳои шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба мавзуи «Эҷоди ҳамфикрӣ барои субот ва пешбурди идоракунии амният ба таври муштарак» форуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар кори Форуми 13-уми Сяншани Пекин ҳайати низомиёни кишвар таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант Бобоҷон Саидзода иштирок намуданд.

Форуми мазкур яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои муҳокимаи масъалаҳои амният ва суботи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар доираи он чор ҷаласаи умумӣ оид ба мавзӯъҳои «Тартиботи байналмилалӣ ва суботи стратегӣ», «Низоъҳои маҳаллӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Хатарҳо ва чолишҳо ба амният ва субот дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» ва «Нақш ва дидгоҳи кишварҳои рӯ ба рушд» доир шуд.





