17 сентябр дар маркази таълимии «Эдельвейс»-и Ҷумҳурии Қирғизистон марҳилаи фаъоли машқҳои фармондеҳии «Марз-2025» бо Неруҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи машқҳои мазкур, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов ва намояндагони неруҳои мусаллаҳи Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни оғози тамринҳо қайд карда шуд, ки «Марз-2025» танҳо як машқ нест, ин санҷиши тайёрии ҷангӣ, хамкорӣ, боварӣ ва қобилияти ҳамчун қувваи ягона дар муқобили таҳдиди ҳозира амал кардан аст.
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин тамринот гуфт, ки «Ин тамрин дар шароити печидаи байналмилалӣ оғоз мешавад. Дар манотиқи мухталифи ҷаҳон маконҳои нави ташаннуҷ ба вуҷуд омада, низоъҳои кӯҳна авҷ мегиранд.»

Дар чунин шароит ҳалли бомуваффақияти вазифаҳои ҷангӣ, ҳамкории возеҳ байни қувваҳои мусаллаҳи миллӣ, дигар нерӯҳои амниятии давлатҳои минтақа ва неруҳои дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тақозо мекунад.

Бояд қайд кард, ки неруҳои зудамали дастаҷамъонаи Осиёи Марказӣ бо мақсади таъмини амнияти низомии давлатҳои минтақа, аз ҷумла иштирок дар рафъи таҷовузи ҳарбии берунӣ ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ таъсис дода шудаанд. Онҳо бояд барои вокуниши фаврӣ ва мувофиқ ба чолишҳо ва таҳдидҳои ба вуҷудомада ба амнияти миллӣ ва дастаҷамъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ омода бошанд.

Машқҳои дарпешистода ба ҳамоҳангсозии механизмҳои фармондеҳӣ ва идоракунӣ, баланд бардоштани маҳорати амалии фармондеҳону ҳайати шахсӣ дар омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ, инчунин маҳорати ҷангӣ, маҳорати касбӣ ва омодагии саҳроии ҳайати шахсии контингентҳои миллӣ нигаронида шудаанд.

Дар тамринҳои «Марз-2025» хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, гурӯҳҳои амалиётии Ситоди муштарак ва котиботи СААД ширкат доранд. Теъдоди умумии иштирокчиёни машқҳои навбатӣ тақрибан 1200 нафар ва 500 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймову чархболҳо, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дигар воситаҳои ҷангиро ташкил медиҳад.

Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





