27 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Эмомалӣ Собирзода дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намуд.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар доираи СААД, аз ҷумла рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастаҷамъиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои муҳими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа қарору изҳоротҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи амният ва пешгирӣ аз таҳдидҳои фаромарзӣ нигаронида шудааст, мувофиқа намуданд.
Илҳом АЛИЗОДА,
сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





