Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ 8 ИНШООТ ТАРИҚИ ФОСИЛАВӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.04.2026
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ 8 ИНШООТ ТАРИҚИ ФОСИЛАВӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК
0
SHARES
18
VIEWS
Share on Facebook

24 апрел зимни  сафари корӣ ба шаҳри Норак  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи агрегати рақами №7 Неругоҳи барқии обии Норак, 8 иншоти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва саноатиро ба таври  фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Норакро, ки  аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур дорои шароити муосири хизматрасонии тиббӣ буда, дар он 35 кас бо кор таъмин гардидаанд.

Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, бинои нави танзимгарон, ташхисгоҳ ва мошинсарой барои мутахассисоне буд, ки дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ масъуланд.

Дар бинои мазкур барои 40 мутахассис шароити мусоиди корӣ фароҳам гардидааст.

Мақсад аз бунёди иншоот  барқарорсозиии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва обҳои корезӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани вазъи санитарию экологии ҳудуди шаҳри Норак арзёбӣ гардид.

Инчунин дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- Саноатикунонии босуръати кишвар дар деҳоти Лангар, корхонаи парандапарварии Мурғи гӯштӣ  ба истифода дода шуд.

Дар корхонаи мазкур  6 ҳазор сар  паранда парвариш меёбад. Масъулин нақша доранд, ки то  ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршумори мурғро ба зиёда аз 15 ҳазор расонанд.

Ҳамчунин 2 муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак дар деҳаи  Чал-Чал ва Чашма ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдоми созанда дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли наврас аҳамияти баланд дорад. Бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Чашмаи 1, бо 12 ҷойи корӣ дар хизмати сокинон қарор дода шуд.

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Норак  бо 11 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳамчунин бинои нави фуруши молҳои ниёзи мардум ва фурӯши сабзавоти тару тоза дар бозори Рамзи Норак аз ҷониби соҳибкори ҷавон Аминҷон Асадуллозода ифтитоҳ ёфт, ки дар он 80 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Инчунин майдончаи варзишӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, ки рушди футболи кишвар ва омавигардонии варзиш мусоидати фаъол хоҳад кард.

Коргоҳи хурди истеҳсоли бетон дар назди корхонаи Дӯкон дар ҷамоати деҳоти Дӯконӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдукарими  Назар бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 40 метри мукааб дар як рӯз буда, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.

Дар ҳамин ҷо лоиҳаи осоишгоҳи муосири табобатӣ, истироҳатӣ ва сайёҳӣ, ки дар соҳили зебоманзари дарёи Вахш ҷойгир хоҳад шуд, муаррифӣ гардид. Осоишгоҳ барои қабули зиёда аз сад кас дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он даҳҳо сокини маҳалӣ соҳиб кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.

Ҳоло сохтмони 3 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 900 кӯдак дар шаҳри Норак идома дорад, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Зимни муаррифии иншооти мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати густариши корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.

president.tj

Previous Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ №7 НЕРУГОҲИ НОРАК БА НОМИ ТУРСУН ӮЛҶАБОЕВ БАЪД АЗ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ

Next Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОБҲОИ НӮШОКИИ «ГЛОБАЛ ИНВЕСТ» БО 20 ҶОЙИ КОРӢ ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОБҲОИ НӮШОКИИ «ГЛОБАЛ ИНВЕСТ» БО 20 ҶОЙИ КОРӢ ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОБҲОИ НӮШОКИИ "ГЛОБАЛ ИНВЕСТ" БО 20 ҶОЙИ КОРӢ ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

16.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

15.05.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

14.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

14.05.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook