Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ ХОБГОҲИ САРБОЗӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.12.2023
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ ХОБГОҲИ САРБОЗӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
0
SHARES
196
VIEWS
Share on Facebook

Дар доираи созандагиву бунёдкорӣ ва бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, воқеъ дар гарнизони Хоруғ барои афсарону сарбозон якчанд иншооти муҳими ҳарбӣ ва як хобгоҳи кушоду барҳавои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Хобгоҳи замонавӣ аз ду ошёна ва аз таҳхона иборат буда, он дар масоҳати 1620 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва барои беш аз 500 нафар ҳайати шахсӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншооти мазкур, ба ғайр аз ҷойи хоб, инчунин барои фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ, чанд ҳуҷраи корӣ барои афсарон, синфхонаи таълимӣ барои аскарон, хонаҳои хизмативу майишӣ ва ҳам фароғатӣ, мавзеи махсуси хушк намудани либосу пояфзол, хонаи нигоҳдории силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ҷойи дастурӯйшӯйӣ, ташнобхонаву анҷомхона ва дигар мавзеъҳои махсуси хизматӣ, ҷойгир карда шудаанд.

 Вазири мудофиаи мамлакат, раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва ҳамроҳони ӯ, аз дохил ва ҳудуди хобгоҳ ва таҳхонаи иншооти навбунёди қисми низомӣ дидан ба амал оварда, аз кори анҷомдодаи сохтмончиён ва аз сатҳу сифати бунёди ин бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дохили бино ва ҳуҷраҳои кориву хизматрасонии иншооти мазкур бо мизу курсӣ, ҳама намуди таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқаи дохилӣ, шиору овезаҳои таблиғотӣ ва бо дигар шароити лозимаи майишиву фароғатӣ, муҷаҳҳаз гардонида шуда, баҳри назорати доимии дохилу ҳудуди қисми ҳарбӣ видеокамераҳои мушоҳидавӣ низ насб карда шудааст ва хобгоҳи сарбозону тамоми ҳуҷраҳои кориву хизматии ҳайати шахсӣ ба системаи автономии гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Дар таҳхонаи иншооти мазкур, ошхонаи васеъу барҳаво барои 400 нафар дар як вақт, ошпазхона, утоқҳои махсуси коркарди гӯшту сабзавот, тақсимоти нон, мавзеи шустушӯйи зарфҳо, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи хӯрокворӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ, роҳраву ҳудуди иншооти қисми низомӣ бетонпӯш карда шуда, дар назди хобгоҳ дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ як майдон бунёд ва атрофи он бо растаниҳои ороишӣ хушнамо гардонида шудааст.

Барои маълумот ёдовар мешавем, ки сохтмони хобгоҳи навбунёду замонавии сарбозӣ, бо дастгирии Пешвои миллат аз аввалҳои соли 2023, аз сифр шурӯъ гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо тарҳу усулҳои муосири меъморӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ ва бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ин қисми низомӣ як қатор иншооти муҳими аҳамияти ҳарбидошта, аз ҷумла нуқтаи назорати гузаргоҳӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои ҷангиву автомобилӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, шаҳрчаҳои муҷаҳҳази тактикиву тирандозӣ ва барои гузаронидани дарсу машғулиятҳо ва майишату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат ва ҳамроҳони ӯ баъд аз ифтитоҳи хобгоҳи сарбозӣ, оид ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таъмини ҳамаҷонибаи хизматчиёни ҳарбӣ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва баҳри беҳдошти шароити рӯзмарраи хизмативу майишии афсарону сарбозон дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ карда, мавриди истифода қарор гирифтани хобгоҳи замонавӣ ва як қатор иншооти дигари аҳамияти ҳарбидоштаро дар арафаи Соли нави мелодӣ тӯҳфаи Пешвои миллат барои хизматчиёни ҳарбии ин қисми низомӣ арзёбӣ намуданд ва доир ба лоиҳаи бинову иншооти нақшавии дигар, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи наздик барои низомиёни кишвар дар ҳудудӣ қисмҳои ҳарбии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва дигар гарнизонҳои ҷумҳурӣ бунёд карда мешаванд, ибрози назар карданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ҶАМЪБАСТИ ДАВРАҲОИ ОМЎЗИШӢ ВА ОМОДАГӢ БА ТАҲСИЛИ НАВБАТӢ

Next Post

ДЕСАНТЧИЁНИ КИШВАР-ОМОДА БА ҲАР САНГАР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДЕСАНТЧИЁНИ КИШВАР-ОМОДА БА ҲАР САНГАР

ДЕСАНТЧИЁНИ КИШВАР-ОМОДА БА ҲАР САНГАР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook