Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ 90 ИНШООТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.09.2026
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ 90 ИНШООТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
0
SHARES
22
VIEWS
Share on Facebook

Дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз қабили корхонаи коркард ва басту банди партовҳои сахти маишии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Атрофи тоза бо 10 ҷои корӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши Панасея бо 6 ҷои кории доимӣ ва 80 мавсимӣ, корхонаи бетони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомони давр бо 10 ҷои корӣ, кӯдакистони хусусии Ширинҷон барои 100 таълимгиранда, кӯдакистони хусусии Дилноза барои 60 кӯдак бо 6 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии Рисолат барои 60 кӯдак бо 12 ҷои корӣ ва Маҷмааи муосири варзишӣ бо 20 ҷои корӣ ифтитоҳ гардида, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.

Дар ноҳияи Дарвоз 11 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки бо бунёди онҳо ба ҳусни ноҳия зинати тозае зам гардид. Аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнашикани ҶДММ Дарвоз аква бо 30 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60  кӯдак, корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани ҶДММ Парки иноватсионии саноатию технологӣ бо 6 ҷои корӣ, меҳмонхонаи Помир роҳи абрешим барои 30  меҳмон бо 10 ҷои корӣ, панҷ меҳмонхонаи муосир дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаи Хумб барои то 150  меҳмон бо 20 ҷои корӣ ва ҶДММ Тоҷ Корея оид ба парвариш ва банду басти моҳӣ бо 25 ҷои корӣ ифтитоҳ гардид.

Дар ноҳияи Ванҷ 12 иншоот, аз ҷумла Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Садвадг бо 4 ҷои корӣ, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси ноҳиявӣ барои 24 корманд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 барои 100 хонанда дар як баст, муассисаи томактабии Афсона дар деҳаи Андарбак барои 60 тарбиятгиранда, муассисаи нави томактабии Амина дар деҳаи Удоб барои 60 кудак, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, се маркази хизматрасонӣ бо коргоҳҳои истеҳсолӣ ва меҳмонхона дар маркази ноҳияи Ванҷ бо 14 ҷои корӣ, муассисаи таълимии томактабии Дурахшандагон барои 60 кӯдак дар деҳаи Лугад, муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Рованд ва муассисаи таҳсилоти томактабии Чашмаи дониш барои 60 кӯдак ифтитоҳ карда шуд.

Дар ноҳияи Рӯшон 12 иншоот, аз қабили неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 112 киловатт дар деҳаи Вранҷан, неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори 25 киловатт дар деҳаи Биҷрав, неругоҳи обӣ бо иқтидори 15 киловатт дар деҳаи Девлох, майдони варзишии маркази ноҳияи Рушон бо 10 ҷои корӣ, корхонаи саноатии банду басти мева ва тути хушк бо 20 ҷои корӣ ва хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Роштқалъа 15 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз ҷумла муассисаи давлатии томактабии Хирадмандон дар деҳаи Шошбувад барои 60 кудак, муассисаи давлатии томактабии Чеҳраи Фардо барои 60 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кудак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 барои 144 хонанда дар ду баст, парки саноатӣ бо 9 коргоҳ, гармхонаи муосир барои парвариши сабзавот ва муассисаи томактабӣ барои 200 кудак.

Дар ноҳияи Шуғнон 16 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, аз қабили муассисаи томактабии рақами 10 бо номи Ганҷи миллат барои 60 кӯдак, неругоҳи офтобӣ дар деҳаи Рож бо иқтидори 3 мегаватт, Парки саноатии ноҳияи Шуғнон иборат аз 6 коргоҳи саноатӣ бо 40 ҷои корӣ, гармхонаи муосир ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пашор, муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Нишус барои 30 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшондагон барои 60 кудак, муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии №2 бо номи Насли Истиқлол барои 80 кудак ва муассисаи таҳсилоти томактабии №7 Меҳри Пешво барои фарогирии 60 кӯдак.

Дар ноҳияи Ишкошим бошад, 9 иншоот дар рӯзи сафари кории Пешвои миллат ифтитоҳ карда шуд, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти томактабии №5 барои 60 кудак, 4 гармхонаи нави муосир бо 7 ҷои корӣ ва Парки саноатӣ бо 80 ҷои корӣ ва қалъаи таърихии Ямчун баъди навсозӣ.

Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб ба ифтихори ҷашни истиқлол 4 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, аз қабили бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии Парасту барои 60 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон барои 100 тарбиятгиранда, бинои нави нозироти андози ноҳия ва ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқ.

Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғайр аз 90 иншооти тариқи фосилавӣ ифтитоҳшуда боз 185 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.

president.tj

Previous Post

ИФТИТОҲИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ ДУОИ МОДАР ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Next Post

ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ МАШҚҲОИ «ҲАМКОРӢ-2026», «ҶУСТУҶӮ-2026» ВА «ЭШЕЛОН-2026» ОҒОЗ ЁФТАНД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ МАШҚҲОИ «ҲАМКОРӢ-2026», «ҶУСТУҶӮ-2026» ВА «ЭШЕЛОН-2026» ОҒОЗ ЁФТАНД

ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ МАШҚҲОИ «ҲАМКОРӢ-2026», «ҶУСТУҶӮ-2026» ВА «ЭШЕЛОН-2026» ОҒОЗ ЁФТАНД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

14.10.2026
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

14.10.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook