Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ ИНШООТИ ТАЪЙИНОТИ ГУНОГУН ДАР НОҲИЯҲОИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА СПИТАМЕН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.09.2026
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ ИНШООТИ ТАЪЙИНОТИ ГУНОГУН ДАР НОҲИЯҲОИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА СПИТАМЕН
0
SHARES
22
VIEWS
Share on Facebook

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зартахта бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Дурахши Истиқлол барои таълиму тарбияи 240 кӯдак, толори варзишии Ҳафткалон бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи  Марҳабо бо 30 кат дар шаҳраки Ғафуров, деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд, ки бо амалӣ гардидани чунин иқдомоти шоиста рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо таъмин мешавад.

Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд ва иҷрои нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз таъмин гардид.

Дар шаҳраки Навкат, деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии Шараёни Варид бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Муҳайё бо таъсиси 40 ҷойи корӣ ва иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тибқи маълумоти масъулин, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёду навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммал барои сокинон шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, бештар аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият ёбад ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, инчунин ҷиҳати мукаммал гардидани инфрасохтори зарурӣ бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ карда шавад.

president.tj

Previous Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРГОҲИ НАВИ ОРДИ ҶДММ ИРОДА ИНВЕСТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Next Post

ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ ХУСУСИИ ҲАЁТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ ХУСУСИИ ҲАЁТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ ХУСУСИИ ҲАЁТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

14.10.2026
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

14.10.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook