Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ МУСАВВАРА ВА ГУЛГАШТИ ЗЕБОИ САРБОЗӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.09.2024
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ МУСАВВАРА ВА ГУЛГАШТИ ЗЕБОИ САРБОЗӢ
0
SHARES
72
VIEWS
Share on Facebook

Хотираи нек ва кору пайкори ҷавонмардоне, ки барои халқу Ватан хизмат намудаву то охирин нафас дар саргаҳи номуси ватандорӣ истодаанд, ҷовидона мебошад. Маҳз, бо ана ҳамин мақсад, яъне ҳамчун рамзи эҳтиром ва ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи ин марзу бум дар моҳвораи таҷлили бошукӯҳи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаи Рашт Муҷассамаи ҷанговарони десанти кӯҳӣ бо аксу тасвирҳои рамзӣ, қаҳрамониву фидокорӣ ва гулгашт барои истироҳату фароғати сарбозон сохта ба истифода дода шуд. Гулгашти навбунёд аз девори аксу тасвирҳои таърихӣ, гӯшаҳои фахрии муқаддасоти милливу қаҳрамонони Тоҷикистон, нақшу нигор, рамзу нишонаҳои десантӣ ва нишастгоҳу суҳбаткадаҳо иборат буда, дар атрофи он ҳавзҳои фавворадор низ бунёд гардидааст.

Бо дидани манзараҳои ҷолиб ва лаҳзаҳои таърихии хизмати фарзандони сарбози Ватан, метавон гуфт, ки ин гулгашти зебо ба як мавзеи хуби фароғатӣ табдил ёфтааст, ки сарбозон имкон доранд, чорабиниҳои фарҳангӣ ва лаҳзаҳои фароғатии хизмати худро дар ин мавзеъ сипарӣ намоянд.

Зимни суҳбат бо мо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ, ин мавзеи диданибобро натанҳо ҷойи истироҳату фароғат, балки мактаби омӯзиши садоқат дар роҳи муқаддас шумурдани халқу Ватан ва ба ҷо овардани хизмати ҷавонмардона дар ин арса номиданд.

Ба ғайр аз рамзу нишонаҳои аксёфта дар девораҳои чун кӯҳ устувор, инчунин дар зери шиори “то марг мубориза мебарем”-и ҷузъу томи десанти кӯҳӣ, фаъолияти пурмасъули десантчиён ва машғулиятҳои ҳамарӯзаи тактикӣ-сафии онҳо дар шароити кӯҳсор нишон дода шудааст, ки ҳар нафарро ба андешаи садоқати ҷовидона дар роҳи муҳаббат ба ин марзу бум мебарад.

Баъд аз ба истифода додани ин гулгашти зебо, ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва дигар меҳмонон дар чорабинии тантанавии десантчиёни кӯҳӣ, ки бо даровардани Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ ва бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳозирин оғоз гардид, иштироку суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ ҳайати меҳмонон, сараввал афсарону сарбозонро ба ифтихори солгарди ҷашни соҳибистиқлолии кишвари азизамон табрику муборакбод намуда, зимнан қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидан ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани хизмат дар сафи Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунанд. Доимо баҳри беҳтар гардонидани шароити хизматӣ ва зисту зиндагонии ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ, пурзӯр намудани иқтидори ҷангӣ ва сатҳи муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаву аслиҳаи замонавӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамин тавр, баромадкунандагон бо ифтихор изҳор доштанд, ки то имрӯз десантчиёни Тоҷикистон рисолати касбӣ ва вазифаи фарзандии худро дар назди давлату миллат сарбаландона иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон корнамоиҳои назаррас нишон додаанд.

Дар майдони баргузории ҷамъомад аз ҷониби гурӯҳи десантчиёни як воҳиди десантии бригада, ҷанги тан ба тан бо усулҳои шарқӣ ва машқҳо бо силоҳ нишон дода шуд, ки он аз чусту чолокӣ, рӯҳияи шикастнопазир, матонату далерӣ ва садоқату омодагии сатҳи баланди десантчиёни ҷавон дарак медод.

Ҳамзамон, хизмати сарбаландонаи афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ карда шуд.

Қисмати расмии ҷамъомад бо гузашти низомии афсарону сарбозон дар назди минбар ва ҳайати меҳмонон ба поён расид.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

Previous Post

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР ВОХӮРӢ БО БУНЁДГАРОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР ВОХӮРӢ БО БУНЁДГАРОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

СУХАНРОНӢ ДАР ВОХӮРӢ БО БУНЁДГАРОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook