Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 20 ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.08.2026
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 20 ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
0
SHARES
18
VIEWS
Share on Facebook

28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ба истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимии мазкур давоми як сол ҷараён гирифта, инак барои солҳои таҳсили 2026-2027 омода гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин боргоҳи илму маърифат, ки дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и қаблӣ бунёд карда шудааст, бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ин муассисаи таълимӣ бо шароиту имкониятҳои васеи таълиму тарбия ва технологияи муосир таъмин гардида, дорои 58 синфхонаи барҳавои таълимию фаннӣ, 16 ҳуҷраи кории омӯзгорон, китобхона бо 90 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 24 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 350 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 70 ҷойи нишаст, толори тенниси руйи миз, майдончаи варзишии тобистона, ошхона бо 210 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мебошад.

Дар китобхонаи муассиса 14 ҳазору 200 китоб мавҷуд аст, ки аз ин нишондиҳанда 4 ҳазору 500-тои онро асарҳои бадеии адибони классику муосир ташкил медиҳад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шумораи омӯзгорони муассиса ба 90 нафар расид.

Барои фаро гирифтани хонандагон бо омӯзиши касбҳои гуногун дар муассиса синфхонаҳои касбомӯзӣ амал менамояд, ки бо шароити муосир таъмин гардидааст. Ин тадбир ба наврасон имкон медиҳад, ки дар баробари омӯзиши илму дониш ҳамчунин ҳунар ва касбҳои гуногунро аз худ намоянд.

Дар муассисаи мазкур ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ тақвият дода мешаванд.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар доираи амалишавии “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” амалӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат баланд бардоштани сифати таҳсил ва дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ тарбия намудани кӯдакону наврасонро рисолати касбии  омӯзгорон арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва васеъ гардидани шароити хуби таълиму тарбия, пеш аз ҳама, бояд низоми таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуда, ба омӯзиши донишҳои муосир, фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 20 муассисаи нави таълимӣ бо 19 ҳазору 564  ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

president.tj

Previous Post

МАРОСИМИ МУКОФОТСУПОРӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

06.09.2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.09.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook