11-уми октябр дар Ҷумҳурии Беларус маросими ифтитоҳи машқҳои фармондеҳӣ-ситодии «Бародарии шикастнопазир -2026» бо иштироки неруҳои посдори сулҳи СААД ва машқҳои махсуси «Монеа-2026» бо иштироки воҳиди муштараки СААД оид ба ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ва таъминоти тиббӣ баргузор гардид.
Чорабинии тантанавӣ дар Майдони Ғалабаи шаҳри Витебск доир шуд. Сафҳои низомии ҳайатҳои иштирокчии машқҳои «Бародарии шикастнопазир -2026» дар назди маҷмааи ёдгории
«Озодкунандагони Витебск саф оростанд»

.





