Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ҶДММ КОКА-КОЛА НӮШОКИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.12.2025
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ  ҶДММ КОКА-КОЛА НӮШОКИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
0
SHARES
58
VIEWS
Share on Facebook

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, ки ҷузъи Гурӯҳи Анадолу  мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Марҳилаи аввали фаъолияти ширкат аз соли 2015 оғоз гардида, бо як хатти истеҳсолӣ 100 кормандро фаро гирифта буд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 170 миллион литр нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар зарфҳои гуногунҳаҷм пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи нави ин иншооти саноатӣ беш аз 600 кас бо кор таъмин гардиданд. Васли хатти нави истеҳсолӣ, ба афзоиши иқтидор, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат кард.

Ҳоло дар корхона 7 намуд нӯшокиҳои брендӣ барои қонеъсозии талаботи мизоҷон истеҳсол мешавад.

Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усули хос ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои соҳавӣ аз санҷиш мегузаронанд.

Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи талабот, стандартҳои бехатарӣ ва ҳам афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.

president.tj

Previous Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ САНОАТИИ ПОКИЗА М ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ 3 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ

Next Post

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ ТАНКРОНӢ ВА 4 ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ ТАНКРОНӢ ВА 4 ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ ТАНКРОНӢ ВА 4 ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

Боздид аз  нуқтаи фармондеҳӣ-мушоҳидавӣ ва намоиши ҷараёни тамрини махсуси “Скала-2026” бо иштироки воҳидҳои наҷотдиҳии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

Боздид аз нуқтаи фармондеҳӣ-мушоҳидавӣ ва намоиши ҷараёни тамрини махсуси “Скала-2026” бо иштироки воҳидҳои наҷотдиҳии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

13.10.2026
Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳринав

Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳринав

13.10.2026
Сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ва боздид аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ва боздид аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

13.10.2026
ЧОРАБИНИҲОИ ДАЪВАТӢ ВА НАТИҶАИ 10 РӮЗАИ ОН ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ДАЪВАТӢ ВА НАТИҶАИ 10 РӮЗАИ ОН ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРӢ

12.10.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook