Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ДАСТАИ АЛОҲИДАИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ “ШОҲИН”-И РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.08.2025
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ДАСТАИ АЛОҲИДАИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ “ШОҲИН”-И РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
0
SHARES
65
VIEWS
Share on Facebook

19-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.

Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат буда, бо дарназардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ ва шароити мусоиди корӣ омода карда шудааст.

Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, биноҳои навбунёди Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дорои синфхонаҳо ва майдончаҳои махсуси таълимӣ буда,  онҳо бо аёниятҳои зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар иншооти мазкур хобгоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин бино дорои майдонча ва майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони ба машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.

Дар саҳни иншооти навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, ҳамаи он дар омодагии хуби доимӣ қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид доштанд,  ки ҳушёриву зиракии касбию сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи шароити навтарини зист, фаъолияти ҳаррӯза ва омодасозии босифати ҳайати шахсӣ ба иҷрои амалиёти махсуси низомӣ ҳар яки онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва машқу тамрини матлуб бояд водор намояд. Бо ёдоварӣ аз вазъи басо мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб карда шуд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Ватани соҳибистиқлол ва амну суботи пойдори Тоҷикистони азиз ҳамеша омодагии зарурӣ дошта бошанд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиётҳои нави корӣ тақдим карда шуд, ки ба фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад расонд.

president.tj

Previous Post

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР

Next Post

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.01.2026
МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

16.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

16.01.2026
ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook