Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ БИНОВУ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.09.2022
in Хабар
0
0
SHARES
137
VIEWS
Share on Facebook

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтан ва бо дастовардҳои арзандаи соҳавӣ таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода шуда, дар заминаи он биною иншооти гуногуни ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Соли равон ба муносибати таҷлил аз 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат сохтмон ва аз таъмиру тармим баровардани зиёда аз 40 бинову иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, он марҳила ба марҳила дар ҳудуди ҳамаи гарнизонҳои ҷумҳурӣ амалӣ гардонида шуд. Дар доираи созандагиву бунёдкориҳо ва ободу зебо гардонидани ҳудуд ва атрофи қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ то имрӯз дар Вазорати мудофиа, ҷузъу томи тобеи он, раёсатҳои навъи қӯшун ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ чандин лавҳаҳои деворӣ ва боғҳои фароғатӣ бунёд карда шудаанд. Аз ҷумла, дар пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаи деворӣ дар масҳати наздик ба 100 метри мураббаъ доир ба дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо насби аксу овезаҳо, тахтаи электронӣ ҷиҳати пахши навору роликҳо аз ҳаёт ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, дар рӯ ба рӯйи лавҳаи мазкур боғи фароғатӣ дар масоҳати 950 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ки дар ин мавзеи зебову барҳаво барои истироҳату фароғати сарбозон 2 адад фаввора бо роҳравҳои сафолакпӯшшуда, 6 адад нишастгоҳу сӯҳбатҷойҳо сохта шуда, ҳудуд ва атрофи боғи мазкур ҳамчун нишони рамзӣ бо тамсилаҳои тайёраву чархболҳо ва инчунин бо таҷҳизоту лавозимоти мудофиаи зиддиҳавоӣ оро дода шудааст. Миқдори зиёди гулу буттаҳои мавсимӣ ва беш аз 50 адад дарахтони сояафкану ҳамешасабз бошад, намои зоҳирии боғи мазкурро боз ҳам зеботар гардонидааст. Бо таҷриба аз бунёди ин боғи фароғатӣ ва лавҳаи девории Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии кишвар дар назар аст, ки чунин боғҳову лавҳои деворӣ то рӯзҳои таҷлил аз 30 солагии таъсисёби Артиши миллӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбии вазорат ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бунёд карда шаванд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар қисми ҳарбии 02214-и Қӯшунҳои хушкигард дар гарнизони Хатлон бунёди боғи 30 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боғи мевадиҳанда бо шинонидани зиёда аз 1500 адад ниҳолҳои гуногун дар машқгоҳи “Ҳомиён”- и минтақаи Кӯлоб пурра ба анҷом расидааст.

Дар баробари анҷоми корҳои ободониву созандагӣ, бунёди боғу гулгаштҳо, мазеъҳои фароғатӣ ва дигар бинову иншооти ҷашнӣ, ҷиҳати таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ бо шароиту имкониятҳои хуби хизмативу майишӣ, инчунин бо мақсади таъмини сатҳи баланди омодабошии ҷангии ҷузъу томи техникӣ, дар пойгоҳи як қатор қисму воҳидҳои низомии ҳудуди гарнизонҳои Душанбеву Хатлон, Суғд, Хоруғ ва минтақаи Рашт наздики 200 айвону истгоҳи нигоҳодории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бунёд ва таҷдиду васеъ гардонида шудаанд.

Сохтмону азнавсозии иншооти мазкур, ки дар нигоҳдории навъҳои техникаҳои ҳарбиву автомобилӣ ва мошинҳои махсуси ҷангӣ аҳамияти муҳим дорад, шароити фароҳамовардашуда дар ин пойгоҳҳо ва нуқтаҳои таъмириву тармимии техникии он ба афсарони масъули соҳа имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ бо бартараф намудани нуқсонҳои ҷузъӣ тамоми воситаҳо ва ҷузъу томи техникиро дар ҳолати хуби омодабош нигоҳ дошта тавонанд.

Дар пойгоҳи машқгоҳу марказҳои таълимӣ ва қисму воҳидҳои низомии минтақаҳои дурдасту баландкӯҳи кишвар низ дар давраи ҷашнӣ корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ бо маром ҷараён дошт. Ин аст, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияи Мурғоб ва машқгоҳи Лоҳур дар масофаи 2500 метр аз нуқтаи обтаъминкунии зеризаминӣ хати об кишида шуд. Дар ин росто бояд қайд кард, ки то имрӯз дар пойгоҳи қисму воҳидҳои ҳарбӣ чандин ҳавзои шиноварӣ ва моҳипарварӣ сохта, мавриди баҳрабардории ҳайати шахсӣ қарор дода шудаанд.

Дар баробари сохтмону азнавсозии иншооти гуногуни хизматӣ, инчунин бинои раёсати Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ, утоқҳои корӣ, толори маҷлисӣ ва роҳраву даромадгоҳҳои он аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ҳамин гуна корҳои таъмириву азнавсозии бинову иншоот дар зершуъбаҳои дармонгоҳ, ҳудуди Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиа ва нуқтаҳои тиббии қисмҳои ҳарбӣ низ амалӣ гардидааст, ки зимнан тамоми утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои табобатӣ бо хати оби гарм пайваст мебошад. Дар доираи корҳои ободу зебогардонӣ ва ташкили мавзеъҳои фароғатӣ, ҳамчунин баъд аз анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ, лавҳаи девории рамзҳои давлативу қаҳрамонони Тоҷикистон ва нишони тиббӣ дар саҳни шифохонаи мазкур гузошта шудааст.

Ҳамин гуна корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмириву тармимӣ дар  як қатор бинову иншооти гуногуни хизматрасонии низомӣ, аз ҷумла бинои қаровулхона бо майдони тайёрии қаровулӣ, бинои хобгоҳи сарбозон, нонпазхона, анборҳои ақибгоҳӣ, ҳаммом, ҷойи дастрӯйшӯйӣ ва ҳоҷатхона дар пойгоҳи чанде аз қисму воҳидҳои ҳарбии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ дар арафаи таҷлил аз ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонида шуда буд. Албатта, мақсад аз он агар аз як тараф сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ бошад, аз ҷониби дигар пеш аз хама таъмин намудани афсарону сарбозон бо шароити ҳозиразамони хизматӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии касбиву ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Воқеан, ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ҷашни созандагиву ободкориҳо ва амалигардии ташаббусҳои неку самимӣ дар кишвар мебошад, ки дар заминаи он ба мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби давлату ҳукумат тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, бо баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат амнияту суботи сартосарии ҷомеа таъмин карда мешавад.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

Previous Post

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-МАРҲИЛАИ ЭҲЁ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Next Post

ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook