Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ВА ДУ ҲАВЗИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.03.2026
in Хабар
0
ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ВА ДУ ҲАВЗИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ
0
SHARES
19
VIEWS
Share on Facebook

30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 200 кат барои табобати беморон пешбинӣ шудааст. Иншооти нав дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ мебошад, ки ба аҳолӣ хизматрасонии босифатро фароҳам меорад. Аз ҷумла, шуъбаҳои қабул бо ҳуҷраҳои функсионалӣ, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, инчунин шуъбаи эҳё ва наҷот фаъолият хоҳанд кард.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ соли 2023 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шудааст.

Бинои нави беморхонаи марказӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаи нав 5 ҳуҷраи муосири ҷарроҳӣ бунёд гардидааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ  дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, барои беш аз 250 мутахассис кори доимӣ фароҳам гардид, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат мекунад.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ифтитоҳи чунин як маркази муосири тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд. Зеро ин беморхона имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба маротиб беҳтар гардида, ниёзи аҳолӣ ба муолиҷа дар дохили кишвар пурра таъмин гардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои хеле зебо дорад.

Бояд зикр намуд, ки бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ, ҳамчунин ду ҳавзи бузурги захираи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши умумии 2000 метри мукааб мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти муҳим барои таъмини беш аз 12 ҳазор аҳолии маҳаллаи Фирдавсии  деҳоти Оббурдон бо оби тозаи ошомиданӣ хизмат мекунад. То ин муддат сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи онҳо ба ҳисоб мерафт. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ҳавзҳо, мушкилоти чандинсолаи мардум ҳалли худро пайдо намуд.

Иншооти мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон равона шудааст.

Мутахассисон таъкид менамоянд, ки бо ба истифода додани чунин иншооти зерсохторӣ, на танҳо сатҳи таъминоти об беҳтар мегардад, балки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо низ мусоидат хоҳад кард.

Сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз ин иқдоми созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос карданд. Бо чунин корҳои ободониву созандагӣ, симои деҳот рӯз ба рӯз зеботар гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.

Previous Post

ОҒОЗ БАХШИДАН БА КИШТИ ПАХТА ДАР 10 ГЕКТАР ЗАМИНИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “МИРХОНД” ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Next Post

ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

11.04.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.04.2026
ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

03.04.2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

02.04.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook