Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ИФРОТГАРОӢ, ТЕРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ФАЛОКАТБОРИ ОНҲО БАРОИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.04.2025
in Мақола
0
ИФРОТГАРОӢ, ТЕРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ ФАЛОКАТБОРИ ОНҲО БАРОИ ҶОМЕА
0
SHARES
53
VIEWS
Share on Facebook

Дар замони муосир дар системаи сиёсии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди равандҳои манфии терроризм ва экстремизм дар шакли аломати сиёсигардонии дин ва ҳаракатҳои мазҳабӣ рӯи кор омад. Ин раванд дар муддати кӯтоҳ характери оммавӣ ва байналмилалӣ гирифта, бевосита ба истиқлолияти давлатҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз терроризм ва экстремизм дар шакли сиёсӣ зери ниқоби «муборизаи сиёсӣ» дар раванди давлатдории баъзе кишварҳо ва ҳатто идора кардани онҳо  ширкат дорад. Бинобар ҳамин, бо дарназардошти чунин хатар барои кишварҳои минтақа бисёр муҳим аст, ки решаҳои пайдоиши ин омили манфӣ, омилҳои тавлидкунандаи он ва шароити пайдошавии ин раванд ҳамчун протсесси сиёсӣ таҳлил карда шавад. Дар ин масир бояд характери глобалӣ ва регионалии терроризм ва экстремизм дар шакли алоҳида омӯхта шавад ва таҳқиқи дурусти он барои пешгирии минбаъдаи ин омилҳои манфӣ мусоидат мекунад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, «Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд”.

Мафҳуми терроризм (калимаи лотинии terror-ҳарос, даҳшат) ба унвони маҷмуи амалиёти даҳшатовар ва хушунати сиёсӣ маънидод шудааст, ки тибқи он террористон барои расидан ба ҳадафҳои худ аз усулҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ истифода мекунанд. Мафҳуми «террорист» бошад, ҳамчун чонибдори амали террористии инфиродӣ маънидод мешавад.

Мафҳуми «экстремизм» пайравӣ кардан аз усулҳои зиёдаравӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ барои расидан ба мақсади сиёсӣ дониста мешавад. Доир ба зарари ин омил Пешвои миллат хеле хуб қайд карданд, ки «экстремизм дар доираи нисбатан васеъ зоҳир мегардад. Аз ҷумла, экстремизми динӣ, экстремизми идеологӣ ва экстремизми сиёсӣ вуҷуд доранд. Қувваҳои гуногун бар хилофи ҷомеаи мамлакат моделҳои худро зӯран ба гардани Тоҷикистон бор карданӣ буданд, ки ин ҳам зуҳуроти дигари экстремизм ба шумор меравад».

Агар дар аввали солҳои 90-ум ҳаракатҳои экстремистӣ асосан характери маҳалгароӣ ва миллатчигӣ доштанд, дар давраи минбаъда дар асоси ҳамин равандҳо шакли террори динӣ мавқеи худро пайдо намуд, ки мақсади сохтани давлати исломӣ–халифатро пеш гузошт. Дар давраи солҳои 2000-ум аломати асосии экстремизмро ташкилот ва   ҳаракатҳои сершумори дорои характери динӣ, ки   дар муборизаи сиёсӣ ширкат мекунанд, ташкил медиҳанд. Аммо, азбаски амали онҳо ба моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошад, қонуни давлат ин равандро ҳамчун экстремизм баҳогузорӣ менамояд. Дар Тоҷикистон имрӯз тамоми шароит барои иштироки ҳаракатҳо ва ҳизбҳо дар сиёсат муҳайё гардидааст ва шаҳрвандон, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои гуногун имконияти васеъ барои муттаҳид шудан фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ идеологияи миллиро асоси инкишофи давлатдорӣ медонад. Бинобар ҳамин давлат дар сиёсати дохилӣ ва берунии худ мунтазам идеяи муттаҳид намудани миллат ва эҳёи фарҳанги миллиро тарғиб мекунад.

 

З. АБДУРАҲМОНОВ,

 сардори шуъбаи тарбияи ДДТТ

 ба номи Абуалӣ ибни Сино

 

Previous Post

ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ БО РОҲИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

Next Post

КОРРУПСИЯ-ВАБОИ АСР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КОРРУПСИЯ-ВАБОИ АСР

КОРРУПСИЯ-ВАБОИ АСР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook