Дар раванди пешрафти дилхоҳ ҷомеа падидаҳое мавҷуданд, ки мутаассифона садди роҳи тараққиёту ташаккули он ҷомеа мегарданд. Ифротгароӣ имрӯз яке аз падидаҳои манфӣ буда, ҳамчун масъалаи доғ дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Дар баробари дастовардҳои назаррасе, ки таҳти сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гашта истодаем, муттассифона ҷомеаи кишвармон аз ин хатар дар канор нест.
Нахуст агар дар такя ба таҳлили мутахассисону олимон ба худи мафҳуми ифротгароӣ баҳо диҳем, маънои ифротгаро, яъне “ифрот” ин аз ҳад гузаштан ва “гаро” ин “гаравидан” ва ё “шомил гаштан”-у “майл кардан” аст. Таърихи пайдоиши ин падидаи номатлуб нишон медиҳад, ки ифротгароӣ падидаи нав набуда, он ҳанӯз аз давраҳои пеш зуҳур кардааст ва он омилу сабаҳои зиёдро дарбар мегирад.
Албатта имрӯз тамоми оламиён шоҳиданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба чунин амалҳои мудҳише даст зада истодаанд, ки кирдори онҳо ба ақли солим рост намеояд. Онҳо дар навбати аввал насли ҷавонро фирефтаву ба доми худ мекашанд ва албатта ин бесабаб нест: насли ҷавон, ки ҳанӯз таҷриба надорад, оқибати ин омилҳоро дуруст дарк накарда, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегарданд.
Тибқи таҳлили коршиносон, “Омилҳои пайдо шудани ифротгароӣ зиёд аст, аммо муҳимтарин ва асоситарин омили пайдо шудани ин вабо ин худбохтагии шахс дар муқобили афкор ва таълимоти бегонагон аст…” Тавре дар Паёмашон чун дигар суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ёдрас шуданд“…Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд…”.
Албатта, ин таъкидҳои Сарвари давлатамон бесабаб нест. Мутаассифона, кам ҳам бошад бархе ҷавонони мо низ фирефтаи ақидаҳои носолими ин гурӯҳҳо мегарданд, ки оқибат на танҳо ҳаёти худ, балки пайвандону наздикон, ҳамдиёрону дар маҷмӯъ обрӯи халқу миллатамонро паст мегардонанд. Воқеан, тавре дар боло ишора гашт, дар шароите, ки сол ба сол дар кишварамон муҳайё гашта истодаанд, барои илму касбомӯзӣ, забономӯзиву ҳунаромӯзии насли ҷавон монеае мавҷуд нест ва чунин рафтору амали бархе ҷавононамон падидаи зиёновари ҷомеа мебошад. Аслан, то ба ин роҳ рафтан ё то ба ин дараҷа расидани ҷавонон омилу падидаҳои дигаре ҳастанд, ки мутаасифона бинобар беназоративу бепарвоии волидон, минбаъд мактабу дигар сохторҳо, дар маҷмӯъ ҷомеа ҷавононро ба ин омилҳо мепайвандад. Ба таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо фаъолияти дастаҷамъона барои пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб дар ин роҳ натиҷа медиҳанд. Бесабаб ҳам нест, ки дар ҳар як мулоқоташон бо масъулону ҷавонон Президенти кишвар таъкид медоранд, ки “…Бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чӣ духтару чӣ писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Бешак, фарогирии ҷавонон ба илму касбомӯзӣ, кору фаъолияти муайян, ба варзишу китобхонӣ, ба тарзи солими ҳаёт василаи муҳими дур кардани ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои нораво аст. Шахси огоҳу таҳсилдида ва соҳиби ҷаҳонбиниву ахлоқи ҳамида осон фурӯхтаву харида намегардад…”
Воқеан, агар маънии суханҳои Пешвои муаззамро хуб дарк намоем, нафаре, ҷавоне, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ дорад, пешаю касби муайяне дорад, аз насиҳату роҳнамоии волидонаш пайваста баҳравар аст, албатта ҳеҷ гоҳ ба амали номатлубе даст намезананд.
Албатта, пӯшида нест, ки дар тамоми ҷомеаву давлатҳои тараққикарда ҳамзамон, мушкилотҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ мавҷуданд ва илман низ исбот гаштааст, ки ҳар давраи тараққиёти ҷомеа бе мушкилот буда наметавонад, бахусус насли ҷавон, ки вобаста ба хусусияти синну солӣ ва аз лиҳози рӯҳӣ хоҳишу талаботҳои бештарро дорад, хоҳ нохоҳ дучори мушкилотҳо мегардад, вале даст задан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва ё пайвастан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ ҳеҷ гоҳ василаи халосӣ аз мушкилот набуду намешавад. Баръакс, тавре дар боло ишора гашт, оқибати чунин муносибату рафтор танҳо пушаймонӣ ва аз ҳама бадбахтона худсӯзиву худкушист.
Дар идома боз як нуктаро мебояд зикр сохт. Маълум аст, ки халқи мо ба дини мубини ислом муносибати хоса дорад. Гуруҳҳои ифротгаро бошанд барои чалби ҷавонон маҳз бештар ба унсурҳои динӣ такя мекунанд. Мутобиқи таҳлили олимону ходимони дин “Дини мубини ислом як ҷузъи муҳим ва таркибии тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва он дар ҳалли бисёр масъалаҳои башарӣ нақши калидӣ мебозад. Он метавонад василаи тарғиби сулҳу суббот, бародарию эҳтироми мутақобил дар сатҳи ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамачониба миёни кишварҳои исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ гардад. Яъне ислом ба маънии итоат, тавозуъ, фармонбардорӣ аст. Асоси таълимоти дини исломро китоби Қуръон ташкил медиҳад ва барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб мешавад. Дин мардумро дар чорчубаи худ нигоҳ медорад, дар акси хол мардум аз бехудоӣ роҳи қатли ҳамдигарӣ, дуздӣ, фаҳш ва дуруғро пеш мегиранд…”
Мутаассифона, тавре зикр шуд, имрӯзҳо дар зери ниқоби дини ислом ҳаргуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд, ки агар хубтар назар афканем, ба манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ гуна наздикӣ ва алоқамандӣ надоранд.
Ҳадаф аз гуфтаву таҳлилҳои боло албатта танқиди насли ҷавон нест, балки чи тавре қайд шуд, роҳнамоии ҷавононамон ба роҳи арзандаву дуруст ва дурӣ ҷустан шуруъ аз хуртарин амалу рафторҳои ношоиста аст. Аслан, авонони мо созандаву меҳнатдӯстанд, шояд ангуштшумор бошанд, вале рафтору амали бархи чунин ҷавононамон ба ҷомеа доғ меоранд. Баръакс, ба ҷои ҳар гуна рафтору амали ношоиста имрӯз мебояд, ки тамоми неруи худро барои мубориза ба ин хатари муштарак муттаҳид намоем. Имрӯз маҳз муттаҳидии ҳамаи неруҳо дар баробари ин падидаи номатлуб метавонанд, ки гарави муваффақият ва пирӯзии мо бошад.
Дар интиҳо, бояд мо ҳар лаҳза бояд сари он андешем, ки мардуми тоҷик таърихи қадима ва ибратомӯз дорад, имрӯз мо Сарвари созандаву бунёдкор дорем, ки Тоҷикистонро дар кутоҳтарин муддат маъруфи ҷаҳониён карданд. Пас зираки сиёсиро аз даст надода, ин Ватанро боз ҳам обод гардонм. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Шукргузорӣ ҳамеша моро ба мақсад мерасонад!”
Шодимуҳаммад ШАРИПОВ,
афсар-омӯзгори калони
Кафедраи ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов,
капитан