Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

Иттилоот ва таъсиррасонии он ба мафкураи ҷомеа

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.09.2021
in Хабар
0
Иттилоот ва таъсиррасонии он ба мафкураи  ҷомеа
0
SHARES
306
VIEWS
Share on Facebook

Бо шиддат гирифтани муносибатҳои байнидалативу манфиатхоҳии абарқудратҳои  ҷаҳон ва густариши равандҳои  ҷаҳонишавӣ баъзе аз давлатҳо ва ё гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз таъсиррасонии иттилоотӣ ба мафкураи  ҷомеаи мавриди назар кор мегиранд. Онҳо хуб дарк намудаанд, ки дар асри иттилооту технологияи навин воситаи асосии таъсиргузориву инҳисори тафаккури  ҷомеа ба воситаи интернету иттилоот сурат мегирад. Акнун воқеияти сухани «ҳар кӣ иттилоотро соҳибӣ мекунад,  ӯ оламро соҳибӣ мекунад» дар шароити муосир исботи худро ёфта истодааст.

Ҳодисаҳои ташвишовари рӯзҳои охир ва муқовиматҳои шадиди байни қувваҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳу равияҳои ифротгарову террористӣ дар бархе аз кишварҳои минтақа ва  ҷаҳон бори дигар собит намудааст, ки ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои ифротӣ аз манбаъҳои иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд ва онро яке аз роҳҳои асосии пиёда намудани ҳадафҳои ба худ мувфофиқ қарор додаанд. Дар ин росто ҳар як фарди  ҷомеаро, ки дар шароити имрӯза аз ҳарвақта бештар ба интернет ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ рӯй овардаанд зарур аст, ки эҳтиёткор бошанд ва аз манбаъҳои расмии иттилоот маълумот гиранд, то ки дар баланд бардоштани маърифати сиёсии худ ва дигарон ҳиссагузорӣ намоянд.

Махсусан имрӯзҳо намояндагони гурӯҳу равияҳои ифротгаро бо далелҳои пучу содда аз номи ислому арзишҳои демократӣ, аммо бо ҳадафу мароми ягона, яъне ба вуҷуд овардани ихтилофу низоъ байни ҳукумату  ҷомеа ва коста кардани боварии мардум ба ҳукумат машғули нашри матолиби иғвоангези худ ҳастанд, то ки ҳадафҳои нопоки худро пиёда намоянд.

Мутаассифона, дар ин раванд бахше аз  ҷомеаи кишвар, бо сабаби надоштани шуури сиёсӣ ва донишҳои казоии диниву гуманитарӣ ба маводи нашрнамудаи гурӯҳу равияҳои ифротиву террористӣ ва ҳадафу мақсади онҳо фарқ гузоштан наметавонанд, бовар мекунанд ва баъзан пойбанд ба назарияҳои ғайриаслии онҳо мешавад. Бо назардошти ин имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як кишвари мустақилу соҳибистиқлол  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати истифода аз шабакаҳои интернетиро ба  наврасону  ҷавонон ва  ҷомеаи кишвар омӯзонад. Дар шароити пешрафти технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ аз раванду паёмадҳои мусбату манфии он роҳи гурез нест. Танҳо бояд ҳар як истифодабаранда вақти истифода аз шабакаҳои интернетӣ, сомонаҳои расмиву давлатӣ ва ифротиву иғвоангез тафовут гузошта тавонад. Барои тадбиқи ин ҳадаф мо бояд наврасону  ҷавононро ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ огоҳ намоему соатҳои алоҳидаро ба таълиму тадриси ин самт бубахшем.

Хулосаи мутахасисон ва таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар раванди мағзшуии гурӯҳҳои ифротиву ғаразкор,  ҷавонон обекти асосии таъсиррасонӣ қарор мегиранд. Зеро, дар марҳилаи кунунӣ  ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи  ҷомеа мебошанд. Аз ин лиҳоз, гурӯҳу равияҳои ифротӣ ҳар қадар мекушанд, ки мафкураи онҳоро ба суйи ҳадафҳои худ савқ бахшанд.

Дар ин замина падару модарон ва ҳар як аъзои солимфикри  ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои замони муосир  самаранок истифода бурда насли  ҷавонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳем. Дирӯзу имрӯзи кишварро  таҳлилу баррасӣ намоему ба дасисаву иғвоҳои хоинони миллат бовар накунем ва иттифоқу якдилона баҳри фардои неки кишвар мубориза барем.

Мо хизматчиёни ҳарбӣ низ ҳамчун як бахши асосиву ояндасози  ҷомеи кишвар натанҳо бо силоҳ, балки бо ҳушёрии сиёсиву интизоми намунавӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ бояд ҳамеша бар зидди таҳдиду хатарҳои террористӣ ва мафкураҳои ифротии душманони миллат омода бошем. То ки ҳеҷ як бардаву ғулом ва нотавонбин натавонад ҳадафҳои нопоки хоҷагонашро дар хоки поки диёри маҳбубамон амалӣ намояд.

                                                                                                                                                             Б.Шарифов

 

Previous Post

ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Next Post

МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАРБӢ-2021 

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАРБӢ-2021 

МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАРБӢ-2021 

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook